Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Дар бораи агентӣ

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии омори мамлакат мебошад. Агентии омор аз нуқтаи назари маъмурӣ мустақил аст. Агентӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, тадқиқоти хонавода, барои омори демографӣ, спектри васеи маълумотҳои омори иқтисодӣ, аз он ҷумла тадқиқоти корхонаҳо ва муассисаҳо, инчунин нархҳо, савдои хориҷӣ, ҳисобҳои миллӣ, молияи давлатӣ, омори аграрӣ, иҷтимоӣ ва омори меҳнат масъулиятро ба душ дорад. Агентӣ маълумотҳоро оид ба омори иҷтимоӣ (тандурустӣ ва маориф) аз вазоратҳои дахлдор мегирад. Оид ба омори монетарӣ маълумотҳоро Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) пешниҳод менамояд.

Агентии омор ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотҳоро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» (№588 аз 12 январи соли 2010), ки мустақилияти Агентии оморро муқаррар менамояд ва махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳоро, ки ба воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ пешниҳод мешаванд, кафолат медиҳад. Мувофиқи Қонун Агентии омор бояд мутобиқи методологияю тавсияҳои байналахалқӣ оморро инкишоф диҳад, воқеӣ ва мӯътамадию пуррагии маълумотҳоро таъмин намояд. Тадбирҳои оид ба беҳтар намудани сифати омор, ки дар Барномаи бисёрсолаи ягонаи оморӣ тафсир шудаанд, андешад.

Дар шабакаи Агентии омор, ки дастгоҳи идоракунӣ дар ш.Душанбе, маркази кулли ҳисоббарорӣ (МКҲ) ва шӯъбаҳои маҳаллӣ дохил карда шудаанд, 824 корманд кор мекунад. Маълумотҳои аввалия дар шӯъбаҳои маҳаллӣ ҷамъоварӣ ва ба МКҲ пешниҳод шуда, дар он ҷо иттилоот мувофиқи дастурамалҳои пешниҳодкардаи мутахассисони Агентии омор коркард мешаванд. Бахшҳои асосии ташкилии Агентии омор инҳо мебошанд: раёсатҳо ва шӯъбаҳои махсусгардонидашуда, МКҲ, шӯъбаҳои маҳаллии омор, бо се ҷонишини директори Агентии омор сарварӣ карда мешаванд.

Мувофиқи барномаи корҳои оморӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда ва феҳрасти нашрияҳо (маълумотҳо таҳия карда мешаванд: маҷмӯаи «Вазъи иҷтимою иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нашрияи асосии моҳонаи Агентии омор мебошад, ин маълумотҳои охирини як моҳа ва шарҳи мухтасари онҳоро дар бар мегирад, ба Президенти Ҷумҳурии Точикистон, ба Ҳукумат, вазорату идораҳо ирсол карда мешавад. Нашрияи мазкур ба тамоми ҷомеа дастрас аст. Ҳисобот дар 12 рӯзи моҳи ҳисоботи гузашта чоп карда мешавад. Агентии омор инчунин маҷмӯаҳои омории солонаро ба табъ мерасонад: Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон дар рақамҳо ва як қатор дигар нашрияҳо.

Другие новости