| Аҳолӣ аз 1.01.12 | 7,800 млн. |
| Тавварум дар 1кв. соли 2012 | 1,2% |
| ИНИ дар 1 кв.соли 2012 | 101,2% |
| МУД дар 1кв. соли 2012 | 5,6 млрд. сомони |
| Барои | 17.05.2012 |
| 1 Доллари ИМА | 4.7618 |
| 1 ЕВРО | 6.0549 |
| 10 Рубли Россия | Array |
Аз рӯзи эълон шудани мустақилияти ҷумҳурӣ Агентии омор бо бисёр ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкории мутақобила дорад:
Омори Аврупо
Фавран баъди соҳиб шудан ба истиқлолият, ТАСИС Барномаи омори Аврупо барои барномаҳои байналхалқиашон дар солҳои 1993-1994 ба Кумитаи давлатии омор ёрӣ расонданд. Марҳилаи якум ду қисмати асосӣ: мусоидати техникӣ ва омӯзиши кормандон.
Мувофиқи Лоиҳаи пуштибонии омори давлатии Тоҷикистон аз тариқи ТАСИС барои солҳои 1995-1996-ум 200 ҳазор экю пешбинӣ шуда буд. Амал асосан ба фаъолияти машваратӣ дар масоили низоми оморӣ, инчунин ба бахшҳои регистри корхонаҳо, омори корхонаҳо ва омори савдои хориҷӣ равона ва ҷалб карда шуда буд.
ТАСИС барои беҳтар шудани регистри корхонаҳо, аз ҷумла саволнома дар корти регистр ва тартиб додани маълумотҳои интихобӣ барои тадқиқот ёрии амалӣ расонд. Дар давоми марҳилаи якуми барномаи ТАСИС тадқиқотҳои озмоишии интихобӣ оид ба омори корхонаҳо гузаронида шуданд, таснифоти байналахалқии савдо ҷорӣ карда шуд. Бо мақомоти гумрук нисбати маълумотҳои савдои хориҷӣ аҳднома ба имзо расид. Дар давоми ин давра ба маблағи 30 ҳазор экю техникаи компютерӣ харидорӣ карда шуд.
Дар доираи курсҳои омӯзишӣ якчанд курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо, маслиҳату машваратҳо оид ба бахшҳои асосии омор гузаронида шуданд. Дар соли 1997 Кумитаи давлатии омор маҷмӯаи омории «Тоҷикистон дар рақамҳо -1996»-ро бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз чоп баровард.
Дар моҳи марти соли 1999, дар чорчӯбаи Барномаи «Омор-3» омори Аврупо розӣ шуд, ки кӯмаки ТАСИС ба андозаи 250 000 евро аз нав барқарор карда шавад. Барномаи мусоидат ба Тоҷикистон «Ислоҳоти омори расмӣ дар Тоҷикистон» ном дошт. Кумитаи давлатии омор ба чорчӯбаи ТАСИС – 3 барои баррасии омори Аврупо дар моҳи апрели соли 1999 масъалаҳои афзалиятнокро пешниҳод кард:
- регистри корхонаҳо;
- омори корхонаҳо;
- омори савдои хориҷӣ;
- ба нашр расонидан ва паҳн намудани иттилооти оморӣ;
- индекси нархҳо дар сохтмон.
Бо маблағи 30 ҳазор евро таҷҳизот гирифта шуд.
Натиҷаҳо:
а) Таснифоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки бо низомҳои байналхалқӣ мутобиқ карда шудаанд, таҳия карда шуданд. Аз 8 декабри соли 1998 №496 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи таснифоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз нав бақайдгирии субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда буд. Дар айни замон, тафсири нави таъмини барномавӣ, ки барои пеш бурдани регистри корхонаҳо зарур асту мувофиқи вай аз нав бақайдгирии корхонаю ташиклотҳо гузаронида мешавад, таъсис дода шуд. Кумитаи давлатии омор ба ин васила қобилияти нав кардани регистр ва мувофиқ кардани онҳоро ба низоми нави таснифот касб кард.
б) Бахисобгирии содироту воридоти молҳо аз рӯи мамлактҳои истеҳсолкунандаи мол пеш бурда мешавад, барои муқоиса бо омори миллӣ, омори шаффоф истифода бурда мешавад. Ғайр аз ин, ҳисобу китоби индекси нархҳо ба воҳид ва индексҳои ҳаҷми физикии ҳарсолаи содироту воридоти молҳо барои маълумотҳои ҳарсола, ки мувофиқи таснифоти дахлдор асоснок карда шудаанд, анҷом дода шуд.
в) Қумитаи давлатии омор мувофиқи меъёрҳои (стандартҳои) байналхалқӣ, барои муайян намудани ҳаҷми умумии кору хизматрасонӣ, ки дар ҷумҳурӣ иҷро карда мешавад, мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ тадқиқоти интихобии бахши иқтисодиёти ғайридавлатиро гузаронид.
г) Оид ба корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои пудратии бинокорӣ бо мақсади муайян намудани тамоюлоти даврӣ ва нишондиҳандаҳои сифатии тағйироти фаъолияти иқтисодии корхонаҳо дар шароитҳои давраи гузариш тадқиқоти вазъият гузаронида шуд.
д) Оид ба масъалаи индекси нархҳо дар сохтмон методологияи барномаи мазкур маъқул дониста шуд ва корҳои муайян анҷом дода шуданд. Рӯйхати корхонаҳои тадқиқшаванда муайян карда шуд, варақаҳои тадқиқот таҳия карда шуданд. Дар 120 ташкилоти бинокорӣ дар давоми моҳи марти соли 2001 тадқиқоти интихобию озмоишӣ гузаронида шуд. Мутаассифона, усули интихобкардашуда ҳанӯз барои истифода натиҷаи дилхоҳу судманд надодааст.
е) Якчанд курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо, оид ба бахшҳои мухталифи омор машваратҳо гузаронида шуданд.
ж) Маҷмӯаҳои омории «Тоҷикистон бо далелҳо ва рақамҳо – 1998», «Тоҷикистон дар рақамҳо – 2000» ба забонҳои русӣ ва англисӣ аз чоп баромаданд. Хамчунин дар бораи натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2000-ум нашрияҳо ба табъ расиданд.
з) Мутахассисони маркази кулли ҳисоббарорӣ оид ба шабакаи маҳаллию маҳдуд дар семинар, дар Ҷумҳурии Қазаоқистон ширкат варзиданд. Ғайр аз ин, дар Кумитаи давлатии омор таҷҳизот оид ба шабакаи маҳаллии маҳдуд гузошта шуд, ки ба он 52 компютер пайваст карда шудааст. Аммо, фоидаи шабакаи ҳисоббарорӣ дар солҳои охир аз сабаби суст ва заиф будани алоқа маҳдуд карда шудааст. Барномаи «Омор-3» аз рӯи ТАСИС дар моҳи декабри соли 2001 анҷом ёфт.
и) Дар моҳи июли соли 2003 намояндагии омори Аврупо бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овард, то ки бо низоми омори ҷумҳурӣ шинос шавад. Дар рафти сафар ҳамкориҳои гузашта, ҳозира ва оянда муҳокима шуданд, инчунин таҳияи қисматҳои барои лоиҳаи «Омор-8», афзалиятҳои «Омор-9» ва имкониятҳои «Омор-11» баррасӣ шуданд. Дар натиҷа омори Аврупо барои «омор-8» ба маблағи 300 000 евро буҷет ҷудо кард ва айни ҳол лоиҳа аз рӯи 4 қисмати омор: омори кишоварзӣ, омори хизматрасонӣ, бизнес регистр ва таснифот татбиқ шуда истодааст.
Ислоҳоти омори расмии Тоҷикистон – «Омор-8» моҳҳои январ-декабри соли 2006.
Шӯрои Британиё – татбиқотро роҳбарӣ мекунад.
Буҷет: 300 ҳазор евро – дар амал 240 ҳазор евро (таъмини таҷҳизот ба маблағи 60 ҳазор евро амалӣ нагардид).
Дар бахшҳои зерин ёрии техникӣ амалӣ гардид:
Омори кишоварзӣ
Омори хизматрасонӣ
Бизнес регистр
Таснифот
1. Бахши кишоварзӣ
Дар натиҷа:
- методологияи нав ва саволнома оид ба гузаронидани тадқиқоти интихобии хоҷагиҳои фермерӣ таҳия карда шуд;
- рӯйхати соҳибкорон дар Кумитаи давлатии оид ба идораи захираҳои замин ва хазинаи маълумотҳои регистр аниқ карда шуд;
- барои санҷиши саволнома интихоби пешакӣ гузаронида шуда, ноҳия барои гузаронидани тадқиқоти озмоишӣ муайян карда шуд;
- дар 600 хоҷагии фермерии интихобшуда тадқиқоти интихобӣ-санҷишӣ гузаронида шуд;
- бо истифода аз таҳлили маълумотҳои гирифташуда методологияи ниҳоии гузаронидани тадқиқотҳои мунтазам тайёр карда шуд;
- гузаштан ба тадқиқоти 10 фоизаи хоҷагиҳои фермерӣ дар амал татбиқ карда шуд;
- ба даст овардани маълумотҳои эътимоднок дар бораи фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ, махсусан: дар бораи масоҳати заминҳои корами кишоварзӣ, масоҳати кишт, ҷамъоварии умумӣ ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, саршумори чорво аз рӯи намудҳои чорвои маҳсулдеҳ, истеҳсоли маҳсулоти чорво, мавҷудияти техникаи кишоварзӣ, натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ, истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва ғайраҳо.
2. Омори хизматрасонӣ
Дар натиҷа:
- тадқиқоти интихобӣ-озмоишии соҳибкорони хусусӣ, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома дар бахши хизматрасонӣ (қариб 1000 соҳибкор) фаъолият мекунанд, гузаронида шуд;
- методологияи интихоби соҳибкорони тадқиқшаванда такмил дода шуд;
- барои тадқиқоти минбаъдаи пурра ва ба амал баровардани бозҳисобҳо дар бахши иқтисодиёти ғайрирасмӣ (дар бахши хизматрасонӣ) саволномаи нав таҳия карда шуд;
- арзёбии хизматгузорон, на хизматрасонии истеъмолӣ гузаронида шуд;
- намудҳои нави хизматрасонӣ ошкор карда шуданд;
- таҳлили натиҷаҳо бо ҷорӣ намудану истифодаи таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (ТУНФИ) гузаронида шуд;
- барои таъсис додани хазинаи маълумотҳо дар бораи бахши ғайрирасмии иқтисодиёт, ки барои хизматрасонии аҳолӣ махсус гардонида мешавад, корҳо давом доранд.
3. Бизнес регистр
Дар натиҷа:
- методологияи нави интихоб ва гузаронидани барӯйхатгирии интихобӣ-озмоишии иқтисодӣ таҳия карда шуд;
- саволномаи нав ва бори аввал гузаронидани барӯйхатгирии интихобӣ-озмоишӣ дар се ноҳияи калонтарини Тоҷикистон, ки натиҷаҳои дилхоҳ доданд, амалӣ карда шуд;
- корхонаҳои ба қайд нагирифташуда ошкор карда шуданд;
- корхонаҳое, ки амал намекунанд гуфта ба ҳисоб гирифта шуда буданд, фаъолияти худро татбиқ карда истодаанд;
- суроғаю нишонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ аниқ карда шуданд;
- нишондиҳандаҳои иқтисодии зарурӣ барои регистри омор пур карда шуданд;
- дар асоси натиҷаҳои гирифташуда арзёбии вазъияти мавҷуда гузаронида шуд, ба шарофати ҳамон каорҳои анҷомдода, Кумитаи давлатии омор таҷрибаю малака ҳосил кард ва барои гузаронидани барӯйхатгирии пурраи иқтисодӣ, ки ба таври назаррас ба сифати регистри корхона таъсир мерасонад, машаваратҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.
4. Таснифот (Классификатсия)
Дар натиҷа:
- ба вазъияти мавҷуда баҳо дода шуд;
- оид ба гузаштан ба таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ва истифодаи классификатор дар бизнес регистр бо чор мутахассис тренинг (омӯзиш) гузаронида шуд;
- ьо иштироки мутахассисони Русия, ки таҷрибаи давраи гузаришро доранд, дар Кумитаи давлатии омор оид ба гузариш ба Таснифоти фаъолияти иқтисодӣ, маҳсулот ва барои низоми ҳисобҳои миллӣ тренинг (омӯзиш) гузаронида шуд;
Ғайр аз ин:
- мутахассисон оид масъалаи гузаронидани тадқиқот дар бахши кишоварзӣ дар ш.Люксембург дар семинари машваратӣ иштирок карданд, таҷрибаи мамлакати зикршуда оид ба масъалаи мазкур ҳангоми гузаронидани тадқиқот истифода ва ҷорӣ карда шуд;
- бо низоми ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи кишоварзӣ ба фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳои фермерии Люксембург шиносоӣ анҷом дода шуд;
- мутахассисони омор дар ш.Женева дар конфронси Кумитаи СММ оид ба омори нақлиёт ширкат варзиданд, дар он ҷо масъалаи маълумотҳои транзитӣ оид ба ҳамлу нақли газу нафт баррасӣ шуданд;
- мутахассисони омори давлатӣ дар ҷаласаи машваратии ш.Женева оид ба масъалаи Низоми ҳисобҳои миллӣ ширкат варзиданд, ки дар он ҷо масъалаҳои аз нав дида баромадани НҲМ – 93 аз рӯи тафсири нав дар алоқамандии мутақобила бо омори молияи давлатӣ, омори низоми қарзҳои пулӣ ва ғайраҳо муҳокима карда шуданд;
Ислоҳоти омори расмии Тоҷикистон – «Омор -9» моҳҳои январ-декабри соли 2007
Ширкати Сожетӣ татбиқотро роҳбарӣ мекунад.
Буҷет 300 ҳазор евро
- ба 99 ҳазор евро таҷҳизот гирифта шуд.
- 30 ҳазор евро барои татбиқи лоиҳаҳо ва баланд бардоштани дониши кормандони Кумитаи давлатии омор сарф шудааст:
А. Барои гузаронидани тадқиқоти интихобӣ-озмоишӣ оид ба муайян намудани иқтисодиёти мушоҳиданашаванда;
В. Иштирок дар Конфронси кормандони омори Аврупо (Женева);
С. Иштирок дар Конфронси оид ба бизнес регистр (Женева);
Д. Семинари омӯзишӣ-таълимӣ оид ба технологияи иттилоотӣ (Вилнюс);
Е. Дарёфт кардани Лоиҳакор
Рушди технологияи иттилоотӣ:
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа:
- Машваратчӣ Берн Раух дар Кумитаи давлатии омор «Оид ба идораи хазинаи маълумотҳо, дизайну барномасозӣ» аз 20 то 25 апрели соли 2007 семинар гузаронд (12 нафар мутахассисони омор иштирок карданд);
- дар моҳи сентябр машваратчӣ Бертранд Петат оид ба шабакаҳои технологии компютерӣ семинар гузаронд (6 нафар мутахассис таълим гирифт);
- баъди таълиму омӯзиш мутахассисони Кумитаи давлатии омор мустақилона технологияи серверро ҷо ба ҷо ва насб карда, хадамоти техникӣ ва истифодабарии онҳоро анҷом медиҳанд;
- Як мутахассис оид ба масъалаҳои ташкили ҷамъоварӣ, коркарди маълумотҳои оморӣ, низоми иттилоотӣ, хазинаи маълумотҳо, ҷамъоварии электронии маълумотҳо дар ш.Вилнюс аз курси омӯзишӣ гузашт.
Техникаи интихоби маълумотҳо
Дар натиҷа:
- машваратчӣ Оливер Деллобе дар Кумитаи давлатии омор 3 семинари омӯзишӣ гузаронид, ки мутахассисони пешбар иштирок карданд (ба ҳисоби миёна 20 нафар) оид ба:
- аз рӯи принсипҳои умумии гузаронидани интихоб
- қадамҳои гузаронидани интихоб
- шаклҳои интихоб
- усулҳои гузаронидани машваратҳо бо ҳар кадом раёсати соҳавӣ алоҳида оид ба техникаи интихоб
- Мутахассисони Кумитаи давлатии омор бо истифода аз усулҳои муосир ҷиҳати амалӣ намудани интихоб дониш ва таҷрибаи хуб гирифтанд.
Иқтисодиёти мушоҳиданашаванда
Дар натиҷа:
- Якҷоя бо машваратчӣ Андерс Нордин методологияи нави интихоб ва гузаронидани тадқиқоти интихобӣ-озмоишии иқтисодиёти мушоҳиданашавана бо назардошти муносибати ҷадвали омори Аврупо азрӯи навъи Т-4:
- кам нишон додани маълумотҳои ҳисоботӣ, ки ба сартобӣ аз пардохти андоз вобастаанд, таҳия карда шуд;
- «Анкета» - саволномаи тадқиқоти нозирон –инспекторони намояндагии андоз тайёр карда шуд;
- дар бораи ҷамъбасти тафтиши андоз, дар байни инспекторони андоз, ки ба тафтиши корхонаҳо оид ба намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, инчунин оид ба ашхоси воқеӣ, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд ва ба ашхосе, ки бо патент фаъолият доранд, пурсиш гузаронида шуд;
- баъди ҳосил намудани дониш оид ба методологияи арзёбии намудҳои ғайриқонунии фаъолият, арзёбӣ ва таъсири онҳо ба МУД-и ҷумҳурӣ барои соли 2006 гузаронида шуд.
Ҳамчунин,
- дар конфронси комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ оид ба андозагирии иқтисодиёти мушоҳиданашаванда дар ҳисобҳои миллӣ, ки 14-16 ноябри соли 2007 дар ш,Душанбе бори аввал ташкил намуд, дар бораи тадқиқоти интихобӣ-озмоишии иқтисодиёти мушоҳиданашаванда ва намудҳои ғайриқонунии фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Муайян намудани индекси нархҳо дар сохтмон
Муайян намудани индекси нархҳо дар сохтмон
Натиҷаҳо:
- барои ҳисоби нархҳо таъмини барномавӣ тайёр карда шуд;
- хазинаи маълумотҳо дар ин барнома таъсис дода шуд;
- ҳисобу китобҳо санҷида шуданд;
- усули нави ҳисобу китоб мутобиқи меъёрҳои аврупоӣ давом дорад;
- тавсия дода шуд, ки хазинаи нав мувофиқи бизнес-регистр таъсис дода шавад.
«Рушди минбаъади омори миллӣ дар Тоҷикистон – Омор-11», ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба амал бароварда мешавад.
Номи Лоиҳа: Рушди минбаъдаи омори миллӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикисттон (Омор 11)
Оғози лоиҳа: 5 январи соли 2009
Давомияти лоиҳа: 12 моҳ
Арзиш – 300 ҳазор евро
Мақсади мушаххаси лоиҳаи мазкур - мустаҳкам намудани заминаи техникӣ бо мақсади пешниҳоди имконияти:
- ба истифодабарандагон маълумотҳои аниқ, эътимодноку саривақтӣ, мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ ва методологияи Иттиҳоди Аврупо, бо ҷудо намудани диққати махсус таъмин карда шавад;
- пешниҳоди босифати маълумотҳои оморӣ ба ашхос ва мақомоте, ки сиёсатро ташаккул медиҳанд ва қарорҳо қабул мекунанд (ба ҳукумат, муассисаҳо, бахши хусусӣ);
-пешрафт дар муносибатҳои мақомоти омор бо истифодабарандагон, такмил додани сиёсати паҳн намудани иттилооти оморӣ ва нашрияҳо;
- хубтар дарк намуда ва амалӣ сохтани талабот ба низоми омори муосир, аз ҷумла махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо, такмил додани ба нақшагирии дарозмуддат ва идоракунӣ ва ғайраҳо.
Лоиҳа аз инҳо иборат аст:
- тадқиқоти хоҷагиҳои хурд дар марказҳои вилоятҳо ва ш.Душанбе;
- тадқиқоти фавти наврасон, кӯдакони навзод ва модарон;
- тадқиқоти хонаводаҳо, интиқоли пулҳо ва камбизоатӣ;
- мубодилаи маълумотҳо дар бораи савдои хориҷӣ байни омори Аврупо ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, омори ҳифзи муҳити зист,
Дигар намудҳои фаъолияти дар қатори намудҳои мушаххаси фаъолият:
- ташкили ташрифоти коршиносони шарикони лоиҳаи ҷамъоварии байналахалқӣ (семинарҳое, ки ба мавзӯъҳои лоиҳа муносибат доранд ва ё ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ, ки ташкилотҳои байналахалқӣ ташкил кардаанд ва ғайраҳо);
- нав кардани ҳисоботҳои солонаи омории тайёрии Тоҷикистон бо ҳамкории зичи шарикони лоиҳа ва дар зери роҳбарии омори Аврупо.
Бонки Осиёии Рушд
Дар соли 2002 Кумитаи давлатии омор оид ба сатҳи камбизоатӣ, ки ба 6000 хонавода асос ёфта буд тадқиқот гузаронд. Бонки Осиёи Рушд 360000 доллари америкоӣ барои тадқиқот ҷудо кард, аз он ҷумла дар давоми се моҳ, машваратчии байналхалқӣ мутахассисони Кумитаи давлатии оморро оид ба гузаронидани тадқиқот ва таҳлили вай омӯзонд. Кумитаи давлатии омор берун аз буҷет 6 компютер гирифт. Ғайр аз Бонки Осиёии Рушд дар ин омӯзишҳо Бонки Умумиҷаҳонӣ, хазинаи байналхалқии асъор ҳиссаи худро гузоштанд.
Дарсе, ки аз ёрии гузашта гирифта шуд, ба зарурияти муносибати бештар мунтазам, чӣ дар Барномаи ягонаи бисьёрсолаи омор, чӣ якҷоя муносибати зина ба зинаро, ки то имрӯз истифодашаванда аст, тақозо кард.
ЮНИСЭФ
Дар солҳои 2000 ва 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти мултиндикатории кластерӣ (ТМПК гузаронда шуд, ки вазъияти занон ва кӯдаконро дар Тоҷикистон омӯхт. Дар тадқиқоти мазкур ЮНИСЭФ зиёда аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард.
Бонки умумиҷаҳонӣ
1. Дар соли 1999 Кумитаи давлатии омор оид ба сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон дар 2000 хонавода тадқиқот гузаронид. Дар тадқиқоти мазкур Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Барномаи Рушди СММ 150000 доллари амрикоӣ ҷудо кард, аз он ҷумла мушовири байналхалқӣ дар давоми як моҳ кор карда, мутахассисони Кумитаи давлатии оморро оид ба гузаронидани тадқиқот ва таҳлили тадқиқот омӯзонд. Аз ин маблағ панҷ компютер ҷудо карда шуд.
2. Дар соли 2003 Кумитаи давлатии омор дуюм тадқиқоти сатҳи зиндагии аҳолиро дар 4160 хонавода гузаронид. Дар тадқиқоти мазкур Бонки Умумиҷаҳонӣ 132000 доллари америкоӣ ҷудо кард, аз он ҷумла машваратчии байналхалқӣ дар давоми як моҳ кор карда, мутахассисони Кумитаи давлатии оморро оид ба гузаронидан ва таҳлили тадқиқот омӯзонд. Берун аз буҷет ҳашт компютер ва мошинҳои нусхабардорӣ харида шуданд.
3. Дар соли 2003 Бонки Умумиҷаҳонӣ аз маблағи хазинаи Трастӣ доир ба инкишоф додани иқтидори хадамоти омор маблағгузориро пешниҳод кард. Андозаи грант (353000 доллари амрикоӣ) – ро ташкил медиҳад, ки аз хазинаи Трастӣ ҷудо карда шуд.
Вазифаҳо дар худ дар бар мегиранд:
а) Ташхиси бунёдӣ ва оморӣ, таҳия ва тартиб додани нақшаи оморӣ;
б) Тақвият бахшидан ва нав кардани низоми ҳисобҳои миллӣ (НҲМ);
в) Гузаронидани тадқиқот дар соҳаи таъқиби хароҷот дар бахши тандурустӣ ва маориф;
г) Гузаронидани тадқиқот оид ба масъалаи қувваи кории хонаводаҳо;
д) Таҷҳизот -69000 доллари амрикоӣ, аз он ҷумла 2 ризограф, 2 сервер, 20 компютер ва якчанд принтер.
Лоиҳа бо муваффақият дар соли 2005 анҷом ёфт; дар натиҷаи татбиқи лоиҳа барои низоми омори мамлакат умуман, аз ҷумла барои вазорату идораҳои дахлдор МЕПС таҳия карда шуд.
4. Дар соли 2004 тадқиқоти қувваи корӣ дар 4000 хонавода гузаронида шуд. Дар тадқиқоти мазкур 98,2 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо карда шуда буд. 2 мушовир аз департаменти омори Федератсияи Руссия кор карданд.
5. Дар соли 2007 Кумитаи давлатии омор тадқиқоти сеюми сатҳи зиндагии аҳолӣ дар 4860 хонавода гузаронид. Барои тадқиқоти мазкур Бонки Умумиҷаҳонӣ 61 ҳазор доллари америкоӣ, ЮНИСЕФ -264,5 ҳазор доллари америкоӣ ҷудо карданд, аз он ҷумла мушовири байналхалқӣ дар давоми як моҳ кор карда, мутахассисонро оид ба гузаронидани тадқиқот ва таҳлили тадқиқот омӯзонд.
6. Дар айни замон татбиқи лоиҳа оид ба мустаҳкам намудани низоми омори миллӣ бо пуштибонӣ ва кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки грантии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар марҳилаи анҷомёбист. Агентии Шветсия оид ба Рушди байналхалқӣ, Департаменти Муттаҳидаи Шоҳаншоҳӣ ва Ирландияи Шимолӣ оид ба ҳамкории байналхалқӣ, Ассосиатсияи Байналхалқии Рушд ба андозаи 5.7 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карданд, ки барои панҷ сол ҳисоб карда шуда буд.
Аз нуқтаи назари мақсадҳо лоиҳаи мазкур барои асосҳои ҳуқуқии такомулотро дар соҳаи омор, баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандон, беҳтар намудани вазъияти таҷҳизот ва беҳтар кардани сифати маълумотҳо бо мақсади татбиқи мониторинги натиҷаҳои комёбшуда пешбинӣ шудааст. Ин дар навбати худ, барои мамлакат, умуман барои аҳолӣ натиҷаҳои муайян медиҳад, инчунин дар ҷорӣ намудани худ аз нуқтаи назари пеш бурдани музокира аз тарафи Бонк ва дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ бо ҳукумат оид ба масъалаҳои стратегӣ, инчунин ба нақшагирӣ ва татбиқи дигар ва барномаҳо мавқеи худро меёбад. Лоиҳа барои баланд бардоштани самаранокӣ ва амалиётнокии низоми миллии омор бо мақсади таъсиси имкониятҳо барои коркарди саривақтии зарурӣ ва маълумотҳои эътимоднок равона карда шудааст, ки дар навбати худ ба давлат имконият медиҳад, то ки барои пуштибонии татбиқи Барномаҳои стратегии Ҳукумат, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини раванди рушди иқтисодӣ равона карда шудаанд, дар асоси иттилоот дар бораи вазъи аслии кор дар мамлакат қарорҳои ҳукуматиро содир намояд. Натиҷаҳои умедбахши татбиқи Лоиҳа ба тартиби зайл аст:
- такмил додани асосҳои ҳуқуқӣ ва таъсисотӣ, ки рушди низоми омори мамлакатро ҳавасманд мегардонанд;
- такмил додани заминаи моддӣ ва инфрасохторҳо дар соҳаи технологияи иттилоотӣ;
- мустаҳкам намудани асосҳои сохторӣ дар соҳаи захираҳои инсонӣ ба воситаи ташкили тренингҳо оид ба корҳои оморӣ;
- такмил додани замина/инфрасохторҳои оморӣ ба воситаи ҷорӣ намудани методологияе, ки ба сатҳи байналхалқӣ ва ба меъёрҳои байналхалқӣ нисбат ба сифати маълумотҳо қабул карда шудаанд;
- рушди низоми интихоби маҳсулоти оморӣ, ки ба таври доимӣ ба истеъмолоти ҷомеа ва иқтисодиёт ба воситаи анҷом додани музокира байни истифодабарандагон ва истеҳсолкунандаҳо маълумотҳои оморӣ тағйир меёбанд, мусоид мешавад;
- таъсиси асосҳои таъсисотӣ барои амалӣ намудани фаъолияти асосии оморӣ, аз ҷумла мониторинги камбизоатӣ;
- афзоиши ҳаҷми коркарди маълумотҳои боэътимоди оморӣ ба воситаи ҷамъ намудану такмил додани тадқиқотҳои гузаронидашуда ва истифодаи манбаъҳои маъмурӣ, инчунин ба воситаи ба нақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои нав, ки барои ҷамъоварии маълумотҳо равона карда шудаанд;
- паҳн намудани саривақтии маълумотҳо, мубодилаи иттилоот ва истифодаи маълумотҳо барои қабули қарори стратегии давлатӣ.
Иҷрои корҳо дар чорчӯбаи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани низоми омори миллӣ»
1. Қонуни нави Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи омори давлатӣ» қабул карда шуд;
2. Тадқиқотҳои интихобӣ гузаронида шуданд; хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ); соҳибкорони шахсӣ дар бахши нақлиёт ва хизматрасонӣ; қувваи корӣ, сатҳи зиндагӣ; таъқиби нарх дар масолеҳи бинокорӣ ва сохтмони инфиродӣ;
3. Дар дастгоҳи марказӣ ва мақомоти минтақавӣ (ш.Душанбе ва маркази вилоятҳо) барои таъсиси ягонаи шабакаи интиқоли маълумотҳо (Интернет) таҷҳизоти нав ҷо ба ҷо ва насб карда шуданд;
4. Як қатор корҳо оид ба такмил додани методологияи пеш бурдани баҳисобгирии оморӣ иҷро карда шуданд;
- ҳисобҳои миллӣ: ҳисобҳои семоҳаи миллӣ; ба ҳисобгирии иқтисодиёти мушоҳиданашаванда;
- таснифот: тайёрии ба кор андохтану ҷорӣ намудани таснифоти ТУФИ-1 ва ТУФИ-2;
- регистри корхонаҳо, тайёрӣ ба гузаронидани барӯйхатгирии иқтисодӣ;
- истифодаи усули мавсимии тасҳехотӣ (тасҳеҳоти мавсимӣ) ҳангоми таҳлили маълумотҳои оморӣ;
-чорчӯбаи интихоб ва дизайни саволномаҳо (шаклҳои ҳисоботи оморӣ);
-савдои дохилӣ – индекси нархҳои ҳаҷми физикии савдои чакана, методологияи гузаронидани тадқиқоти яквақта дар бозорҳои ашё ва озуқаворӣ;
-нарху таърифаҳо – индекси нархҳои истеъмолӣ ва индекси нархҳои истеъмолкунандаҳо;
-кишоварзӣ – нархи маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси регистри хоҷагиҳои фермерӣ;
-демография – бо рамз ифода кардани сабаби фавт ва усули Брасса ва усули ҳамширавӣ барои муайян намудани фавти модарон ва кӯдакони навзод;
-беҳтар намудани дизайни нашрияҳо ва такмил додани вебсайт ва ғайраҳо.
5. Баланд бардоштани иқтидори кормандони низоми омор (ташкили семинарҳо дар ҳудуди мамлакат, инчунин бо иштироки коршиносон дар дастгоҳи марказӣ барои баланд бардоштани иқтидор);
-курсҳо оид ба истифодаи таъмини барномавӣ: SPSS, Oracle, истифодаи компютер ва ғайраҳо.
6. Хизматҳои машваратӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва таъмини барномавӣ оид ба коркарди маводҳо.
