Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.12 7,800 млн.
Тавварум дар 1кв. соли 2012 1,2%
ИНИ дар 1 кв.соли 2012 101,2%
МУД дар 1кв. соли 2012 5,6 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои 17.05.2012
1 Доллари ИМА 4.7618
1 ЕВРО 6.0549
10 Рубли Россия Array
Роҳбарият

Муҳаммадиева Бахтия Зиёдуллоевна – Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 моҳи декабри соли 1952 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Дар соли 1975 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси банақшагирии хоҷагии халқ хатм кардааст. Дар ҳамон сол фаъолияти меҳнатии худро дар Раёсати марказии омори назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии СотсиалистииТоҷикистон ба сифати иқтисодчӣ оғоз кардааст.

Дар соли 1993 сардори шӯъбаи омори маориф, фарҳанг, ахлоқ ва ҳифзи саломатии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таин шуда буд.

Дар соли 1996 фаъолияти меҳнатии худро ба сифати Ҷонишини Директори Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дод.

Аз моҳи январи соли 2003 – Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 10 марти соли 2010 – Директории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Мукофоти ҳукуматӣ – Ордени «Дӯстӣ» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» дорад.

 


Шокиров Шодмон Шарипович – Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабри соли 1959 дар шахраки Дангараи нохияи Дангара, дар оилаи хизматчи таваллуд шудааст.

Соли 1982 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси банақшагирии хоҷагии қишлоқ хатм кардааст. Дар ҳамон сол дар комитети комсомолии ноҳияи Данғара ба сифати ҷонишини котиби комитети комсомоли колхози «Ғайрат» - и ноҳияи Данғара фаъолияти меҳнатии худро оғоз кардааст.

Аз моҳи июни соли 1983 то моҳи августи соли 1984 иқтисодчии умури кишоварзии ноҳияи Данғара, аз августи соли 1984 то моҳи августи соли 1990 ҷонишини сардори шӯъбаи омори ноҳияи Данғара, аз моҳи марти соли 1990 то феврали соли 1991 сардори шӯъбаи баплангирию – иқтисодии ширкати «Сохтмони хоҷагии Оби Данғара».

Аз соли 1991 - сардори шӯъбаи омори ноҳияи Данғара.

Аз соли 2006 - муовини Раиси ноҳияи Данғара,

Аз соли 2008 - сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Аз моҳи марти соли 2011 - муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шуд. 

Асоев Асват – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 моҳи июни соли 1953 дар ш.Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳозира Хатлон)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Дар соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Аз соли 1969 ҳамчун таъмиргари Раёсати гармитаъмикунӣ дар ш.Қӯрғонтеппа ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз кардааст.

Дар солҳои 1970-1983 ба сифати муҳосиб ва сармуҳосиби базаи автомобилии №2 фаъолияти худро давом дод.

Аз соли 1983 то соли 1989 ҷонишини муҳосиби калони иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот, аз соли 1989 раиси комиссияи тафтишоти ташкилоти мазкур.

Аз соли 1997 то соли 2000 муовини Директори Агентии пуштибонӣ ва рушди соҳибкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2001 муовини Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 10 марти соли 2010 Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Норов Қиёмуддин Давлатбоевич – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 моҳи июни соли 1975 дар ноҳияи Айнӣ вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)-и Тоҷикистон дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст.

Дар соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси муҳандис – менеҷер хатм кардааст. Дар ҳамон сол фаъолияти меҳнатии худро дар Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати иқтисодчӣ оғоз кардааст.

Дар соли 2006 сардори раёсати омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зисти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таин шуда буд.

Аз 16 апрели соли 2010 – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Другие новости- - - - -