Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.16 8,686 млн.
Тавварум дар соли 2015 5.1%
ИНИ дар соли 2015 105.1%
ММД дар соли 2015 48,4 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.09.2016
16 сентябри соли 2016 ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид

Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа иштирок намуд.

Рузномаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои сиёсат, таъмини амният ва мустаҳкамӣ дар ҳудуди Иттиҳод, ҳамкориҳои гуманитарӣ, инчунин баргузории раунди навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 дар давлатҳо – аъзои Иттиҳодли Давлатҳои Мустақилро дар бар гирифт.  

Баргузории барӯйхатгирии аҳолиро дар соли 2020 Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҷонибдорӣ намуд. 

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 19 майи соли 2009, №523 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 12 октябри соли 2015, №572, барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 гузаронида мешавад.  

Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ барои ташаккули низоми ягонаи хазинаи иттилооти оморӣ, дар ҷабҳаи тавсифоти аҳолӣ замина мегузорад. Он барои гузаронидани интихоб дар таҳқиқотҳои муҳими захираҳои меҳнатӣ, шароити зиндагӣ, инчунин ҳангоми аниқ кардани маълумоти омори ҷорӣ ва ҳисобҳои гуногуни демографӣ истифода мешаванд. 
Натиҷаҳои барӯйхатгирӣ ҳамчун маводи асосии заминавӣ барои таҳияи стратегияи ояндадори рушди устувори иҷтимоӣ – иқтисодӣ, инчунин нақшаҳои миёнамӯҳлат ба ҳисоб меравад. Илова ба ин, он захираи муҳими иттилоотӣ имконият медиҳад, ки арзёбӣ карда шавад: дар гузашта давлат чи гуна рушд дошт, ин рушд чи тавр қайд карда мешавад ва кадом корҳои иловагӣ анҷом дода шаванд, кадом нақшаҳо дар оянда тарҳрезӣ гарданд.
 

Другие новости