Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.16 8,686 млн.
Тавварум дар соли 2015 5.1%
ИНИ дар соли 2015 105.1%
ММД дар соли 2015 48,4 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

06.10.2016
Директори Агентии омор дар семинари сатҳи баланди кишварҳои АШКОМ дар мавзӯи «Модерникунонии омори расмӣ» ва конфронс барои Барномаи азнавташкилдиҳии омори расмӣ ширкат варзид

 Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонум Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар семинари сатҳи баланди кишварҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Миёна ва Муғулистон (АШКОМ) дар мавзӯи «Модерникунонии омори расмӣ» ва конфронс барои Барномаи азнавташкилдиҳии омори расмӣ ширкат варзид.

Семинари сатҳи баланди кишварҳои Аврупои Шаркӣ, Кавказ, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дар мавзӯи «Мукаммалсозии омори расмӣ» рӯзҳои 3-5 октябри соли 2016 дар пойтахти Беларус, шаҳри Минск доир гардид.

Дар семинари мазкур масъалаҳои марбут ба сифати омори расмӣ, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории Омори Аврупо бо кишварҳои АШКОМ ва Муғулистон, муайян намудани самти фаъолияти низоми омори миллӣ, ҳамоҳангсозии мониторинги нишондиҳандаҳои рушди устувор ва ҳисобот баррасӣ шуданд.

Раисии сессия оид ба ҳамоҳангсозии низоми омори миллиро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонум Хасанзода Гулнора Кенҷа ба ӯҳда дошта, доир ба таҷрибаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бобат суханронӣ намуд.

6-7-уми октябр, пас аз семинари сатҳи баланд, Конфронси кишварҳои АШКОМ ва Муғулистон аз рӯи Барномаи азнавташкилдиҳии омори расмӣ, ки бахши омори Созмони Миллали Муттаҳид бо дастгирии Комиссияи иқтисодиву иҷтимоии СММ барои Аврупо, Бюрои омори Иттиҳоди Аврупо, Ассотсиатсияи Аврупоии савдои озод ва Омори Белорус сурат мегирад, идома меёбад. Конфронси кишварҳои АШКОМ як қисмати муҳими конфронс оид ба Барномаи азнавташкилдиҳии омори расмӣ барои дастгирии Барномаи соли 2030 дар самти рушди босубот ва дигар ташаббусҳо дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ мебошад.

7 - уми октябр муаррифии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи фаъол намудани рушди технология дар ҷодаи ҷамъоварӣ, коркард ва интишори нишондодҳо дар низоми омори Тоҷикистон сурат мегирад.

Другие новости