Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.16 8,686 млн.
Тавварум дар соли 2015 5.1%
ИНИ дар соли 2015 105.1%
ММД дар соли 2015 48,4 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

05.10.2016
Ташрифи роҳбари гурӯҳ ва коршиноси байналмилалӣ Петерри Баер ба Агентии омор

 Тибқи шартномаи баимзорасида оид ба ҳамкории дуҷониба байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи муштарак (Консорсиум)-и DevStat айни замон ташрифи роҳбари гурӯҳ ва эксперти байналмилалӣ Петерри Баер ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки аз 15-уми сентябр то 27-уми октябр тул мекашад.

Мақсади ташриф мазкур мушоҳида ва омодасозии нақшаи ҷузъии ба амалбарории шартнома аз 15-уми августи соли 2016 то 30-юми июни соли 2018 доир ба ҷузъҳои лоиҳа, самти иҷро, ташрифи коршиносон, омӯзиш ва нақшаи тақвимии корҳои минбаъда мебошад.

Бо ин мақсад вохӯрӣ бо роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои соҳавӣ, намояндагони як қатор вазоратҳо, аз қабили рушди иқтисод ва савдо, илм ва маориф, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра сурат гирифт.

Шартнома оид ба «Ҳамкории дуҷониба» байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи муштараки DevStat, ки Serviciosde Consultoria EstadisticaS.Lis (Испания), UDA Consulting (Турция), Open Data Watching (США), Мактаби олии иқтисодии Москва (Русия), CaiCo Consulting (Таджикистан) ва Раёсати омори Литваро муттаҳид мекунад, баста шудааст.

Другие новости