Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.16 8,686 млн.
Тавварум дар соли 2015 5.1%
ИНИ дар соли 2015 105.1%
ММД дар соли 2015 48,4 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.10.2016
Ба Агентии омор Коршиноси калони байналмилалии омори меҳнат аз ТБМ ҷаноби Игор Чернишев ташриф овардааст

 Бо дархости Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) барои тайёр намудани чадвалҳои барориши тадқиқоти қувваҳои кории соли 2016, аз он ҷумла сохтани алгоритми нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва ва таҳлили ҷамъбастии натиҷаҳои тадқиқоти қувваҳои корӣ, ҳамчунин тайёр намудан ва навиштани ҷамъбасти таҳлилии натиҷаҳои Тадқиқоти Қувваҳои Кории Тоҷикистон дар соли 2016 кӯмаки техникӣ мерасонад.

Барои анҷом додани чорабинии мазкур ба Агентии омор Коршиноси калони байналмилалии омори меҳнат аз ТБМ ҷаноби Игор Чернишев ташриф овардааст, ки дар ҳамкории зич бо сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Қулов Абдували ҳамкорӣ менамояд.

Дастгирии мазкур аз санаи 24 октябр то 3 ноябри соли 2016 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи ТБМ «Барҳам додани буҳрон ва таъмини меҳнати арзанда ва бехатар» бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия анҷом дода мешавад.
 
Другие новости