Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.16 8,686 млн.
Тавварум дар соли 2015 5.1%
ИНИ дар соли 2015 105.1%
ММД дар соли 2015 48,4 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

28.10.2016
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти донорҳо баргузор гардид

 25 октябри соли соли 2016 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти донорҳо баргузор гардид, ки дар ин вохӯрӣ роҳбарияти Агентии омор, Маркази кулли ҳисоббарорӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ: Бонки умумиҷаҳонӣ, коршиносони ширкати DevStat, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Тоҷикистон, Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ, Хазинаи кудаконии СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Фонди рушди Оғохон, Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (JICA), Ташкилоти байналмилалии меҳнат, USAID, Хазинаи байналмилалии асъор, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорату идораҳо, сардорони Раёсатҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентии омор ва кормандони гурӯҳҳои татбиқи Лоиҳаи оид ба татбиқи «Стратегияи миллии рушди омор (СМРО)» иштирок доштанд.

 
Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ ва муҳокима гардиданд: ҳисобот оид ба баргузории чорабиниҳо дар давоми нуҳ моҳи соли 2016 дар доираи татбиқи Лоиҳаи ЭКАСТАТ оид ба татбиқи «Стратегияи миллии рушди омор (СМРО)», ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор (СМРО)», омодагиҳо ҷиҳати баргузории даври навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020, тадбирҳо ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти истифодабарандагони об.
 
Мулоқотро бо суханони ифтитоҳи Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Ҳасанзода Гулнора Кенҷа оғоз намуд. Қайд гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии мулоқоти имрӯза ин тақвият бахшидани ҳамоҳангӣ дар корҳои муштарак, инчунин андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба роҳандозӣ намудани чораҳо дар самти беҳтар намудани пешбурди ҳисоботҳои оморӣ мебошад.
 
Рустам Зиёев - ҳамоҳангсози Лоиҳаи ЕСАSTAT дар баромади худ ба таври муфассал доир ба ҷараёни иҷрои корҳо дар давоми 9 моҳи соли 2016 маълумот дод. Зикр шуд, ки дар мувофиқа бо Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳа корҳои техникӣ коркард гардид. 18 августи 2016 дар мувофиқа бо Бонки умумиҷаҳонӣ Шартнома оид ба «Ҳамкории дуҷониба» байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи муштараки DevStat (Испания) ба имзо расид.
 
Муовини Директори Корхонаи муштараки DevStat (Испания) Маргарита Роор - доир ба ҳамкории дуҷониба дар бораи татбиқи Стратегияи миллии рушди омор баромад намуда, ҳамагонро доир ба самтҳои кории консорсиум ва усулҳои пешрафтаи ҳамкорӣ шинос намуд. 
 
Баъдан коршиноси байналмилалӣ, роҳбари гурӯҳи коршиносони ширкати DevStat ҷаноби Петерри Баер баромад намуд, ки дар баромади худ доир ба роҳҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳа, таҳияи нақшаи корӣ барои ТАҶСТАТ II суханронӣ намуд. Ҳамзамон қайд намуд, ки дар марҳилаи татбиқи лоиҳа ва баъд аз ба итмом расидани лоиҳа яке аз натиҷаҳои устувори бадастовардашуда ин натиҷаи корҳое мебошад, ки бо коршиносонӣ Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
 
Муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Давлатзода доир ба мақсад, усулҳо, навигариҳо, маблағгузорӣ ва дигар паҳлуҳои даври навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 маълумот дод. Зикр гардид, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сарчашмаи асосии ташаккули захираҳои иттилоотӣ аст, ки миқдор ва сохтори аҳолӣ, тақсимоти он дар маҳалҳо дар робита ба ҷиҳатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, миллӣ, забонӣ, дараҷаи таҳсилот, шароити манзилӣ ва дигар паҳлуҳоро равшан мекунад. Ҳамзамон қайд кард, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 ин маъракаи васеъ ва гаронарзиш аст.
Аз ин хотир, ҷалби шарикон ҷиҳати маблағгузорӣ ба ин чорабинии муҳим аз аҳамият холӣ нест.
 
Сипас сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Зафар Хоҷаев дар бобати омодагиҳо ба гузаронидани тадқиқоти истифодабарандагони об маълумот пешниҳод намуд. Тибқи нишондодҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 кадастри об коркард намешавад, ки сабаби асосии он пурра ҷалб нашудани истифодабарандагони об ҷиҳати пешниҳоди ҳисоботҳо мебошад. Шумораи об истифодабарандагон то соли 2002 -ум 2,5-3,0 ҳазор ададро ташкил медод. Аз рӯи маълумоти «Равзанаи ягона» шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 150 ҳазор адад расидааст, ки дар соҳаи кишоварзӣ асосии истифодабарандагони об ба ҳисоб мераванд. Бо мақсади дар ин самт ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумотҳо гузаронидани тадқиқоти интихобӣ ба нақша гирифта шудааст. Тадқиқоти мазкур дар якҷоягӣ бо Иститути илми - тадқиқотии Гидрология ва мелиоратсия ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.
 
Дар хотимаи мулоқот аз ҷониби роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шарикон изҳори умедворӣ карда шуд, ки доир ба ҳалли масъалаҳои матраҳшуда ва анҷоми бомуваффақияти нақшаҳо ҳамкориҳоро ба роҳ мемонанд.
 
Другие новости