Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.16 8,686 млн.
Тавварум дар соли 2015 5.1%
ИНИ дар соли 2015 105.1%
ММД дар соли 2015 48,4 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

01.11.2016
Семинари омӯзишӣ оид ба гузаронидани тадқиқоти яквақтаинаи «Маржаи савдо»

 Рӯзҳои 25 - 27-уми октябри соли 2016 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти яквақтаинаи «Маржаи савдо», ки дар доираи лоиҳаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои Осиё ва уқёнуси Ором (ЕSCAP) гузаронида мешавад, барои мусоҳибон (интервюрон) ва роҳбарони гурӯҳҳо (супервайзерон) семинари омӯзишӣ доир гардид. 

 
Тадқиқоти мазкур аз санаи 1- ум то 25 ноябри соли ҷорӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ки ба он  интихобан 1179 субъектҳои савдо фаро гирифта шудаанд.
 
Дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодиёт соҳаи савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта ҳиссаи он дар ҳаҷми  умумии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) зиёда 14 фоизро ташкил медиҳад ва муайянкунии нишондиҳандаи  маржаи савдо дар мамлакат барои ҳисоби ММД  хеле муҳим аст, ки усули маъмули бадастоварии маълумот оид ба маржаи савдо ин гузаронидани тадқиқоти интихобӣ мебошад.
 
Бинобар ин, гузаронидани тадқиқоти мазкур дар ҷумҳурӣ хеле муҳим мебошад.  
 
Ҳадафи асосии тадқиқоти мазкур ин пеш аз ҳама 
- гирифтани иттилоот дар бораи маржаи савдо аз рӯи намудҳои маҳсулот ва намуди фаъолияти асосӣ;
 
- такмили базаи иттилоот барои тартиб додани ҳисобҳои миллӣ, аз ҷумла таҳияи мукаммали ҷадвали «Захира ва хароҷот»; 
 
- такмили ҳисоб ва арзёбии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар заминаи нишондиҳандаҳои нав ва ғайраҳо мебошад.
Другие новости