Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

21.12.2016
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

16 декабри соли 2016 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2017» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ ва даъватшудагон: намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазорату кумитаҳо аз ҷумла: Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва намояндаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г.К. ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоии фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард/

Дар соли 2016-ум 103 Қарору 482 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1330 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд. 
Ҳамагӣ 9,6 ҳазор корҳои оморӣ иҷро карда шуданд. Инчунин дар соли 2016 -ум 98 гузоришҳои иқтисодӣ, 32 маҷмӯа, 38 маълумот, 114 иттилооти фаврӣ ва 221 буллетенҳои оморӣ тибқи Барномаи корҳои оморӣ омода гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагон пешниҳод карда шуд.
 
Мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Инчунин бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.
 
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 
 
Лозим ба қайд аст, ки мақомоти омор бо мақсади гузариш ба ҳисоботи электронӣ дар соли 2016 иқтидори серверҳои Дастгоҳи марказии Агентии оморро ба 7 адад пурзур кард ва 2 адад сервери муосир бо дастгоҳҳои ҳамроҳикунанда низ дар марҳилаи насб намудан қарор доранд.
 
Тибқи нақшаи корӣ дар соли 2017 ҳисоботҳои омории соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ ва сохтмон низ бо усули электронӣ ба роҳ монда мешаванд.
 
Ба мақомоти омори маҳаллӣ ҷиҳати бопупрагӣ ва дақиқ баҳисоб гирифтани нишондиҳандаҳои соҳаҳои гуногун супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Другие новости