Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

13.01.2017
Чорабинӣ бахшида ба Паёми Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади васеъ доир ба ба баррасии Паёми Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Сарвари давлат дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (барои солҳои 2018 – 2028) баргузор гардид. Дар он меҳмонони зиёде аз қабили, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Бобоева Г., директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кобулиев З., раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Казакова У. ва дигарон ширкат варзиданд. 

 
Чорабиниро муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Ш. оғоз намуда, зикр кард, ки  Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. 
 
Сипас доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева ба сухан баромад. Зикр кард, ки Паёми имсола аз дигар паёмҳо бакуллӣ тафовут дорад. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқии сол, муқарраркунандаи афзалият ва самту шартҳои ташаккулу пешрафти давлату ҷомеа маҳсуб ёфта, дар асоси он равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию идеологӣ бо суръат амалӣ карда мешаванд.
 
Ин ҳуҷҷати стратегии ҳадафманд рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамбаст намуда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ муайян мекунад.
Дар Паёми навбатӣ масъалаҳои мухталифи рӯзмарраи ҷомеа матраҳ гардида, бобати ноил шудан ба даствардҳои боз ҳам назаррас дар давраи миёнамуҳлат ва ояндаи наздик вазифагузорӣ карда шуд.
 
Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ Кобулиев З. қайд кард, ки бо ташаббусҳои созандаии Роҳбари давлат бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардида, дар ҳамин радиф як муддати кӯтоҳ бобати бартараф кардани мушкилиҳои мавҷуда дар ин самт татбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд.
 
Имрӯз боиси сарфарозист, ки дар ин соли таърихӣ, яъне соли таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ин иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуда, 21 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018 -2028» қабул гардид.
 
Дар хотима миёни меҳмонон ва кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои марбут ба рӯзномаи ҷамъомад саволу ҷавоб сурат гирифт.
 
Другие новости