Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.16 8,686 млн.
Тавварум дар соли 2015 5.1%
ИНИ дар соли 2015 105.1%
ММД дар соли 2015 48,4 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

16.01.2017
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

13 январи соли 2017 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2017» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ баргузор гардид.

 
Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г.К. ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоии фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард.
 
Зикр гардид дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат ба сохторҳои гуногун, аз ҷумла мақомоти омор низ вазифаҳои махсус гузошта шуд. Тавре дар Паёми имсола омадааст: «роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, Агентии омор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта чораҳои муассир андешанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти марказҳои таълими калонсолон диққати бештар диҳанд ва аз натиҷаи воқеии корҳои амалигардида дар як сол ду маротиба ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
Ҳамзамон бо ин, омори ҷойҳои кориро дақиқ намуда, бояд доир ба шумораи ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ ба мақомоти дахлдор ахбори саҳеҳ пешниҳод карда шавад.
Лозим ба зикр аст, ки дар соли 2016-ум 94 - қонуну - қарорҳо, 487 - супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1377 - мактубҳои аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.  Ҳамагӣ 9,6 ҳазор корҳои оморӣ иҷро карда шуданд. 
 
Дар соли 2016 -ум 38 маҷмӯа, 114 маълумот, 120 иттилооти фаврӣ, 221 буллетен тибқи Барномаи корҳои оморӣ омода гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагон пешниҳод карда шуд.
 
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 

 

Другие новости