Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.16 8,686 млн.
Тавварум дар соли 2015 5.1%
ИНИ дар соли 2015 105.1%
ММД дар соли 2015 48,4 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.01.2017
Нишасти матбуотӣ

 Нишасти матбуотӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2017 дар Маркази Матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Озодагон», «Чархи гардун», «Халқ - овози», «Паёми Душанбе», «Азия Плюс», «Имрӯз Нюс», «Тоҷикистон», «Фараж», «Бонувони Тоҷикистон», «Рейтер», «Авесто», «Франс Пресс»,  шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Настоящее время», ва шабакаҳои радиои «Тоҷикистон», «Ховар», «Овози тоҷик» ва «Озодӣ» иштирок намуданд.

 
Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуда, барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 пешниҳод гардид.
 
Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ Ҳасанзода Г.К., оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатии омор дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 суханронӣ намуд. Дар муҳокимаи мавзӯъ инчунин муовини Директори Агентӣ Давлатзода Қ., ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавии Дастгоҳи марказӣ ва Маркази кулли ҳисоббарорӣ Агентӣ посух доданд.
 
Зикр гардид, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ - декабри соли 2016 аз рӯи маълумоти фаврӣ 54471,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2015 бо нархҳои муқоисавӣ 106,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2016 дар ҷумхурӣ ба маблағи 15070,6 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 116,0 фоизро ташкил кард.
 
Дар мавзӯъҳои соҳавӣ аз ҷониби намояндаҳои воситаҳои ахбори омма саволҳои зерин оид ба:
- сатҳи зиндагии аҳолии деҳот аз шаҳр то кадом андоза аст ва сабади истеъмолии аҳолӣ дар айни замон чанд сомонӣ мебошад;
- аз рӯи маълумотҳои оморӣ нишондиҳандаҳо оид ба истеҳсол, коркард, содирот ва воридотӣ маҳсулотҳои нафтӣ дар соли 2016 чи қадар мебошад ва аслан аз кадом давлатҳо ворид карда шудаанд;
- миқдори маблағи ёрии башардӯстона, ки аз ҷониби мамлакатҳои хориҷи дуру наздик дар соли 2016 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст;
- ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2016 чи қадарро ташкил медиҳад;
- ҳаҷми истеҳсоли машруботи спиртӣ ва обҳои ташнашикан дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 то кадом фоиз боло ё паст рафтааст;
- шумораи умумии бекорон аз ҷумла бекороне, ки дорои маълумоти олӣ мебошанд чанд нафарро ташкил медиҳанд;
- чанд фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд;
- шумораи занон ва мардони Ҷумҳурии Тоҷкистон чанд фоизро ташкил медиҳанд;
- нишондиҳандаи сатҳи тавварум дар муқоиса ба дигар кишварҳо дар кадом сатҳ қарор дорад;
- барои беҳтар кардани маълумотҳои оморӣ вобаста ба гузариш ба ҳисоботҳои омории электронӣ иҷрои кадом корҳо барои солҳои оянда ба нақша гирифта шудааст;
- шумораи муҳоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2016 ба дигар кишварҳо рафтаанд;
- нишондиҳандаҳои таъминот бо кор чи қадар аст аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ чи қадарро ташкил медиҳад;
- дастрасии маълумотҳои оморӣ бо истифода аз сомонаи расмии мақомоти омор чигуна амалӣ мегардад;
- нишондиҳандаи таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқ инчунин шумораи никоҳи хешу таборӣ дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ чи қадарро ташкил медиҳанд;
- нишондиҳанда оид ба талабот, истеҳсол ва воридотӣ равғани растанӣ дар соли 2016 чи қадар мебошад ва дар муқоиса ба соли 2015 чанд фоизро ташкил медиҳад;
- воридоти гази моеъ, маҳсулоти нафтӣ, гандум ва орд дар соли 2016 дар муқоиса ба соли 2015-ум дар кадом сатҳ қарор дорад;
- чораҳои андешидаи мақомоти омор дар соли 2016 нисбат ба субектҳои оморие, ки тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳоди саривақтӣ ва бо пуррагии ҳисоботҳои омориро риоя накардаанд;
- дарозумрии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- корҳои тайёрӣ вобаста ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 ва  сарчашмаҳои маблағгузории маракаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ вобаста ба соҳаҳои мухталиф ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
 
Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукамалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегарданд.
 

 

Другие новости