Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

23.02.2017
Ташрифи коршиноси байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, аъзо- корреспонденти Академияи илмҳои Украина Мансуров Игор бо сафари кории расмӣ ба Агентии омор.

Тибқи шартномаи шарикии дуҷониба байни Агентии омори нади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консорциум DеvStat, айни замон ба ҳайси коршиноси байналмилалӣ ташрифи доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Украина Мансуров Игор Германович бо сафари кории расмӣ ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали шуда истодааст.

Ҳадафи асосии  ташрифи коршиноси байналмилалӣ расонидани кӯмакӣ техникӣ дар омодагӣ барои гузаронидани тадқиқоти захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлил ва таҳияи тавозуни сӯзишворию энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи нақшаи корӣ, вазифаҳои зерин бояд амалӣ карда шавад: 
- мусоидат ба таҳияи саволномаҳо, дастурамалҳо оид ба пуркунии онҳо ва ёддошт барои мусоҳибон;
-  таҳияи методологияи интихоб (ҳадди фарогирӣ);
- омода намудани тавсияҳо оид ба гузаронидани тадқиқот ва тартиб додани тавозуни энергетикию сӯзишворӣ.
 
Санаи 22 феврали соли ҷорӣ  мулоқоти коршиноси байналмилалӣ бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об гузаронида шуд. Дар мулоқот ҳамчунин Муовини якуми директори Агентӣ Шокирзода Ш., муовини директор Давлатзода К., ширкат варзиданд. 
Ҳадафи асосии вохурӣ муҳокимаи вазъи соҳаи энергетика, баррасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва консепсияҳо, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои ваколатдор дар ҳамкорӣ бо Агентии омор дар гузаронидани тадқиқоти мазкур ба ҳисоб мерафт.
 
Таҳияи тавозуни сузишворию - энергетикӣ ва мониторинги иҷрои он дар асоси тавсияҳои байналмилалии омори энергетикӣ имкон медиҳад:
- муайян намудани талаботи энергетикии иқтисодиёти мамлакат аз захираҳои энергетикӣ;
- баланд бардоштани сатҳи шаффофияти маълумотҳо дар қабули Қарорҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт ва таъмини амнияти энергетикӣ;
- арзёбии роҳҳои умедбахш барои рушди соҳаи энергетика ва афзалиятнокии тадбирҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар таъминоти нерӯи барқ;
- муносибгардонии сохтори масрафи нерӯи барқ ҷиҳати кам кардани истеъмоли барқ ва кам намудани вобастагӣ аз энергияи воридотӣ ва баланд бардоштани ҳиссаи манбаъҳои энергияи алтернативӣ ва барқароршаванда;
- таҳияи пойгоҳи иттилоотӣ барои муайян кардани роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани  шароити зиндагии аҳолии кишвар;  
- такмили сохтори истеҳсолии маҷмаи сӯзишворию энергетикии кишвар ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо;
- гузаронидани муқоисаҳои байналмилалӣ дар раванди ҳамкорӣ дар доираи низоми иқтисодии Ҷаҳонӣ ва амалӣ намудани робитаҳои иқтисоди хориҷӣ.
Другие новости