Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

18.04.2017
Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

 13 апрели соли 2017 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2017» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г.К. ифтитоҳ намуд.
 
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаву нақшаҳои маҷмӯи фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард.
 
Зикр гардид дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат ба сохторҳои гуногун, аз ҷумла мақомоти омор низ вазифаҳои махсус гузошта шуд. Тавре дар Паёми имсола омадааст: «роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, Агентии омор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта чораҳои муассир андешанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти марказҳои таълими калонсолон диққати бештар диҳанд ва аз натиҷаи воқеии корҳои амалигардида дар як сол ду маротиба ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон бо ин, омори ҷойҳои кориро дақиқ намуда, бояд доир ба шумораи ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ ба мақомоти дахлдор ахбори саҳеҳ пешниҳод карда шавад.
 
Лозим ба зикр аст, ки дар семоҳаи якуми соли 2017-ум 27 - қонун ва қарорҳо, 149 - супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 425 - мактубҳои аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.  Ҳамагӣ 2,8 ҳазор корҳои оморӣ иҷро карда шуданд. 
 
Инчунин дар семоҳаи якуми соли 2017 -ум 10 маҷмӯаҳои оморӣ, 6 маълумот, 30 иттилооти фаврӣ ва 57 буллетенҳои оморӣ тибқи Барномаи корҳои оморӣ омода гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагон пешниҳод карда шуд.
 
 Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва Раёсату, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби Директори Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати маълумотҳои оморӣ аз ҷумла маълумотҳои омории соҳаи кишоварзӣ махсусан заминҳои кишти воқеии зироатҳои кишоварзӣ аз қабили кишти картошка ва сабзавот инчунин бунёди боғу токзорҳои нав ҳамзамон воқеъбинона ва бо таҳлилҳои дақиқ муайян намудани ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми истҳсоли маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ ба роҳбарони мақомоти маҳаллии омор дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд. 

 

Другие новости