Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

03.05.2017
Ташрифи коршиноси байналмилалӣ хонум Ирина Горячева дар Агентии омор

Тибқи қарордоди имзогардида оиди ҳамкории дуҷониба миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати муштарак (консорсиум) бо сарварии DеvStat, дар ҳоли ҳозир ташрифи коршиноси байналмилалӣ хонума Ирина Горячева идома дорад.

Ҳадафи асосии ташрифи коршинос аз такмили методологияи истифодашавандаи ҳисоби индекси нархҳои истеъмолӣ дар Агентии омор, инчунин такмили малакаи мутахассисон дар ин соҳа бо дарбаргирии беҳгардонии сифат ва доираи фарогирии омори нарх ҷиҳати ба таври пурра таъминнамоии талаботи истифодабарандагони дохилию берунӣ иборат мебошад. 

Тибқи нақшаи муфассали корҳо ташрифи мазкур аз рӯи вазифаҳои зерин ба иҷро расонида мешавад:
 
Мусоидат ба такмили методологияи ҳисоби индекси нархҳои истеъмолӣ (ИНИ), масъалаҳои марбут ба ҷамъоварии маълумотҳо, сатҳи истифодабарии воситаҳои зерсохтории техникӣ-иттилоотӣ барои  ҷамъоварии маълумот, инчунин масъалаҳои алоқаманд ба муайянкунӣ ва тартибдиҳии низоми вазнҳо барои  ҳисоби ИНИ, миқдори индексҳои мол-намояндаҳо ва имконоти зиёд намудани индекси нархҳо бо мақсади таъмини талаботи истифодабарандагони гуногуни  нишондиҳандаи мазкур.
 
Мусоидат ба такмили усули ҳисоби индекси нархҳои истеҳсолкунандагон, якҷоя бо масъалаҳои алоқаманд ба сатҳи истифодаи ҳисоботи электронӣ ҳангоми ҷамъоварии маълумот ва масъалаҳои пайдошаванда дар раванди ҷоринамоии Таснифоти  умумии намуди фаъолияти иқтисодии тафсири-2 (ТУНФИ- тафсири 2), инчунин баррасии масъалаҳои дахлдори тартибдиҳии низоми вазнҳо барои ҳисоби индекси нархҳои истеҳсолкунандагон дар алоқаманди бо миқдори субиндексҳои индекси нархҳои истеҳсолкунандагон ва имкони зиёд намудани онҳо барои таъмини талаботи истифодабарандагони гуногун.
 
Мусоидат ба мутахассисони Агентии омор дар самти ҷоринамоии индекси нарх дар сохтмон бо фарогиии ҳамаи соҳаҳои бахши сохтмон.
 
Машварати коршинос хонум И.Горячева ва намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муовини якуми Директор  Ш. Шокирзода ва муовини Директори Агентӣ Қ.Давлатзода оид ба ташкили кор дар ҷараёни ташриф бо иштироки сардори шӯъбаи нархҳо А. Наҷибуллоев, баргузор гардид. 
 
Қайд гардид, ки масъалаи ҷамъоварии аввалияи иттилоот аз бисёр ҷиҳат ба сифати индекси нархҳои ҳисобшаванда аҳамиятнок аст ва омӯзонидани бақайдгирандагони нархҳо дар маҳалло ба сифати ИНИ таъсиргузор мебошад. 26 апрели соли 2017 коршиноси ташкилоти муштараки DеvStat Ирина Горячева кори худро дар  шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон идома дод, ки дар онҷо бақайдгирандагони нархҳо аз шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи вилоят даъват гардиданд.
 
Ташрифи коршинос хонум Ирина Горячева аз 24 –уми апрел оғоз гардида то 5-уми майи соли 2017 идома меёбад
Другие новости