Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

08.05.2017
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд - донорҳо мулоқоти корӣ баргузор гардид

 4 майи соли соли 2017 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд - донорҳо мулоқоти корӣ баргузор гардид, ки дар кори мулоқоти мазкур роҳбарияти Агентии омор, Маркази кулли ҳисоббарорӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ аз қабили: Бонки умумиҷаҳонӣ, коршиносони байналмилалии ширкати Дев-стат (Dеv-Stat), Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ СММ, Хазинаи кудаконии СММ (ЮНИСЕФ), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Намояндаи Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон (ЮNFPA), Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (TICA), намояндагони Вазорату идораҳо, сардорони Раёсатҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентии омор ва кормандони Лоиҳаи татбиқи «Стратегияи миллии рушди омор (СМРО)» иштирок доштанд.

Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ ва муҳокима гардиданд: Ҳисобот оид ба амалиёбии чорабиниҳо аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи апрели соли 2017 дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор (СМРО)», Беҳтар намудани технологияи таҳияи ҷадвали «Захираҳо - Истифодабарӣ», Ташакули методологияи омори савдои хориҷии молу маҳсулот дар самти омӯзиши метологияи баҳисобгирии савдои фаромарзӣ ва наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ анҷом дода мешавад ("Тиҷорати ба расмият фаро гирифтанашуда") ва Омодагиҳо ҷиҳати баргузории даври навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020.

Мулоқотро бо суханони ифтитоҳи Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа оғоз намуда, махсусан қайд намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии мулоқоти имрӯза ин тақвият бахшидани ҳамоҳангӣ дар корҳои муштарак, инчунин андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба роҳандозӣ намудани чораҳо дар самти беҳтар намудани пешбурди омори расмӣ мебошад.
 
Ҳамзамон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа Директори тозаинтихоби Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян Петер -ро барои дар мулоқоти имрӯза ширкат варзиданашон хайрамақдам намуда, барои ибрози андешаҳои худ дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти омор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ сухани навбатиро ба он кас доданд.
 
Ҷаноби Ян Петер дар ибрози андешаҳои худ махсусан таваҷҷӯҳи бештарро дар самти ташакул додан ва тақвият бахшидани омори расмӣ равона намуда, махсусан қайд намуданд, ки бе рақамҳои дақиқи оморӣ қабули Барномаву - Стратегияҳои давлатӣ ва баҳогузории фаъолияти пурсамари ин ё он ниҳодҳои марбута имконопазир аст. Аз ин рӯ Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳамеша омода аст ва пайваста кушиш менамояд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ин самт бо мақомоти омор бештар гардонад.
 
Сипас аз ҷониби Рустам Зиёев - ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» ба таври муфассал доир ба ҷараёни иҷрои корҳои Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» дар давоми аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи майи соли 2017 амалигардида маълумот дода шуд. Махсусан зикр гардид, ки лоиҳа аз рӯи нақшаи тасдиқгардидаи иҷрои корҳои пешбинишуда фаъолияти худро ба роҳ монда дар муҳлатҳои муайянгардида иҷрои корҳои банақшагирифташуда саривақт амалӣ гардида истодааст.
 
Баъдан коршиноси байналмилалии ширкати муштараки DеvStat (Испания) Хосе Сервера - доир ба ҳамкории дуҷониба дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди омор ибрози андеша намуда, ҳамагонро доир ба самтҳои афзалиятнокӣ амалиёбии иҷрои корҳои банақшагирифташуда шинос намуд.
 
 
Сардори Раёсати низоми ҳисобҳои миллии Агентии омор Сабзина Минакова оид ба масъалаи "Беҳтар намудани технологияи таҳияи ҷадвали «Захираҳо - Истифодабарӣ»" баромад намуда, ҳозиринро вобаста ба иҷрои корҳои дар ин самт амалигардида ва мушкилиҳои ҷойдошта инчунин амалисозии корҳои дар оянда банақшагирифташуда шинос намуд.
 
Ҳамзамон оид ба муҳимияти масъалаи мазкур намояндаи ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон ҷаноби Мирзоахмедов суханрони намуда, вобаста ба паҳлуҳои асосии масъалаи мазкур равшани андохтанд ва қайд намуданд, ки ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар самти амалишавии масъалаи мазкур бо Агентии омор пайваста ҳамкории зич дорад ва дар оянда низ ҳамкориҳоро судмандро вусъат мебахшад.
 
Сипас Сардори Раёсати омори савдо ва хизматрасони Фирдавси Асматбеков оид ба масъалаҳои Ташакули методологияи омори савдои хориҷии молу маҳсулот дар самти омӯзиши метологияи баҳисобгирии савдои фаромарзӣ ва наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ амалӣ мегарданд ("Тиҷорати ба расмият фаро гирифтанашуда") баромад намуда, вобаста ба муҳимияти масъалаи мазкур, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ибрози ақида намуд. Ҳамзамон ҷониби шарикони рушд вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дар доираи масъалаи мазкур вобастабуда, даъват ба миён оварда шуд.
 
Доир ба мақсад, усулҳо, навигариҳо, маблағгузорӣ ва дигар паҳлуҳои даври навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 аз ҷониби муовини Сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддин Ризоев маълумоти муфассал дода шуд.
Зикр гардид, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сарчашмаи асосии ташаккули захираҳои иттилоотӣ аст, ки миқдор ва сохтори аҳолӣ, тақсимоти он дар маҳалҳо дар робита ба ҷиҳатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, миллӣ, забонӣ, дараҷаи таҳсилот, шароити манзилӣ ва дигар паҳлуҳоро равшан мекунад. Ҳамзамон қайд кард, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 ин маъракаи васеъ ва гаронарзиш аст.
Аз ин хотир, ҷалби шарикон ҷиҳати маблағгузорӣ ба ин чорабинии муҳим аз аҳамият холӣ нест.
 
Дар хотимаи мулоқот аз ҷониби Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа аз шарикони рушд изҳори умедворӣ карда шуд, ки доир ба ҳалли масъалаҳои матраҳшуда ва анҷоми бомуваффақияти нақшаҳои пешбинишуда ва дар оянда роҳандозӣ шаванда ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мемонанд.
 
Другие новости