Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

30.05.2017
Семинар-машварат бо субъектҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ ҷиҳати гузариш ба ҳисоботи электронӣ

 Санаи 26 май соли 2017 дар Агентии омор семинар – машварат бо ҳисоботсупорандагони соҳаи савдо ва хизматрасонӣ баргузор гардид, ки дар он наздики 200 нафар сармуҳосибон ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ширкат варзиданд. Дар семинар-машварат намояндагони Лоиҳаи ECASTAT «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор», Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

 
Мақсади гузаронидани Семинар-машварат мазкур гузариш ба усули электронии пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ ва ҷорӣ намудани тавсири нави Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ, тавсири 2 (ОКЭД 2) дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ мебошад. 
 
Аз ҷониби мутахассисони соҳаи барномасозӣ дар амал тартиби пешниҳод намудани шаклҳои электронии ҳисоботи 1 - савдо (моҳона), 3 - савдо (моҳона) ва 1 - хизматрасонӣ (моҳона) муаррифӣ карда шуд.
 
Бояд қайд кард, ки ҷорӣ намудани ҳисоботи электронии шаклҳои 1-савдо (моҳона), 1-хизматрасонӣ (моҳона) дар доираи лоиҳаи ECASTAT «Татбиқи стратегияи миллии рушди омор» ва шакли 3 – савдо (моҳона) аз ҷониби лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Такмили системаи омори савдо» таҳия карда шуд.
 
Лозим ба қайд аст, ки таҳияи ҳисоботи электронӣ бо дастгирии Лоиҳаи ECASTAT «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор», амалӣ гардида истодааст. То имрӯз «ҳисоботи электронии оморӣ» шаклҳои омории 1- меҳнат «Ҳисоботи ҷамъбастӣ оид ба меҳнат» ва «Ҳисоботи ҷамъбастӣ дар бораи ҳаракати қувваи корӣ ва ҷойҳои қорӣ дар корхонаю ташкилотҳо (семоҳа) аз 1 июли соли 2015 то имрӯз наздики 98,2 фоиз субъектҳо ҳисоботҳоро тариқи электрон пешниҳод менамоянд. 
 
Аз моҳи майи соли 2016 ҳисоботи электронии шакли 1 - саноат  (фаврӣ) «Ҳисобот дар бораи нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои навтаъсиси ҶТ» таҳия карда шуд. Дар айни замон 78,9 фоиз субъектҳои соҳаи саноат ҳисоботҳоро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд. 
 
Дар соли 2017 таҳияи электронии шаклҳои 1-сохтмони асосӣ (моҳона), 1-савдо (моҳона), 1 –хизматрасонӣ (моҳона), варақаи азнавкунии маълумотҳои регистри оморӣ (солона) ва китобҳои хоҷагидории мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
 
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти омор маълумот оиди кам кардани сарборӣ барои субъектҳои ҳисоботсупоранда, аз байн бурдани маълумоти такроршаванда, гузариш ба Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ, тафсири 2 (ТУНФИ 2) дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва инчунин машқҳои амалӣ барои гузариш ба ҳисоботи электронии соҳаи савдо ва хизматрасонӣ маълумот пешниҳод карда шуд.
 
Бояд қайд кард, ки дар доираи Лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони миллали муттаҳид «Такмили омори соҳаи савдо» як қатор масъалаҳои рӯзмарра ҳалли худро ёфтанд, аз ҷумла ҳамаи ҳисоботҳои соҳаи савдо бо мақсади кам кардани сарборӣ ва аз байн бурдани нишондиҳандаҳои ташкроршаванда таҳлил шуданд. Аз ҷониби сардори раёсати омори савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ Занҷирбеков Д. қайд карда шуд, ки дар натиҷаи таҳлили шаклҳои ҳисоботи оморӣ аз 18 шаклҳои ҳисоботи оморӣ, ки аз ҷониби субъектҳои соҳаи савдо пешниҳод карда мешавад, 9 шакли ҳисоботи оморӣ барои соли 2018 мононда шуд. Яке аз омилҳои таъсиррасон барои таҳлили нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои оморӣ ҷорӣ намудани Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ, тафсири 2 (ТУНФИ 2) мебошад. 
 
Аз ҷониби сардори раёсати регистри корхонаҳо, таснифотҳо ва ташкили ҳисоботи оморӣ МД  «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ Раҷабова Н. презентатсия оид ба «Гузариш ба ТУНФИ -2 дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ ва фарқият байни ТУНФИ – 2 ва ТУНФИ -1» барои иштирокчиёни тренинг пешниҳод карда шуд. Қайд карда шуд, ки тибқи банди 15 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29 октябри соли 2015 таҳти рақами 614  амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳо оид ҷорӣ намудани ТУНФИ 2 пешбинӣ шудааст.
 
Бо ин мақсад, дар айни замон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои ҷорӣ намудани ТУНФИ 2 дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ гардида истодааст, аз ҷумла:
 - Таҳлил аз ҷониби раёсати  регистри корхонаҳо, таснифотҳо ва ташкили ҳисоботи оморӣ ва раёсати савдо, хизматрасонӣ ва робитаҳои иқтисодии ҷиҳати муайян намудани фарқияти байни ТУНФИ.1 ва ТУНФИ.2;
  - Кор ба вазорату идораҳо ҷиҳати шарҳи зарурияти ҷорӣ намудани ТУНФИ.2;
- Кор бо мақомоти маҳаллии омор ҷиҳати ҷорӣ намудани ТУНФИ.2;
- Вохӯрӣ бо субъектҳои ҳисоботсупоранда ҷиҳати дуруст дарк намудани зарурати гузариш ба ТУНФИ 2 ва пешниҳод намудани иттилооти дуруст ва саҳеҳ.
 
Гузаронидани чунин семинар – машваратҳо аз ҷониби субъектҳои ҳисоботсупоранда хеле хуб дастгирӣ шуд ва пешниҳодҳои хуб низ ҷой доштанд. Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ қайд карда шуд, чунин чорабинӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бояд ташкил карда шавад, то ин ки чунин пешниҳодҳо барои баррасӣ ба Шӯрои методологӣ пешниҳод карда шавад.

 

Другие новости