Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

04.07.2017
Вохӯри бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-юми июни соли 2017 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти омор сурат гирифт. 

Ҷамъомадро муовини Директори Агентӣ Давлатзода Қиёмиддин ифтитоҳ намуда қайд кард, ки ин вохӯрӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» сурат мегирад. 

Сипас Муқимӣ Нигора Аминзода - сардори раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада муфассал дар бораи зарурати таъсиси мақомот ва корҳои то имрӯз анҷомдода маълумот дод. Инчунин, мавсуф дар барои зарурияти Қонун дар бораи мубориза о коррупсия сухан ронда, моҳияти он, ҳолатҳои кооруписонӣ, роҳҳои муқовимат бо ин унсури номатлубро шарҳ дод.  Зикр гардид, ки имрӯз ин падидаи ногувор хосияти глобалӣ касб кардааст ва дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки бо он рӯ а рӯ нашуда бошад. Консенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ҳанӯз  31-уми октябри соли 2003 ба тасвиб расида буд. Тибқи гуфтаи мутахассисон имрӯз миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ низ  коррупсия бо роҳҳои мухталиф ба мушоҳида мерасад . Муборизаи самаранок бар зидди он аз ҳар як узви ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб мекунад.   
 
Дар охир роҳбарияти Агентии омори назди Президенти ҶТ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ дар Агентӣ чораандешиҳои ҷиддӣ ҷиҳати роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ идома дода мешавад.

 

Другие новости