Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

14.07.2017
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» ташрифи коршиносони байналмилалӣ ҷаноби Игор Чернышев амалӣ гардида истодааст

Тибқи шартномаи дуҷонибаи шарикии байни Агентии омори назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи муштараки Дев- стат рӯзҳои 10 то 22 июли соли 2017 ташрифи роҳбари нави гуруҳи коршиносони байналилалии ба татбиқи лоиҳаи стратегияи миллии рушди омор, коршиносони калидӣ ҷаноби Игор Чернышев амалӣ гардида истодааст.

Дар Агентии омор бо роҳбари нави гурӯҳи коршиносон оид ба татбиқи лоиҳаи стратегияи миллии рушди омор вохӯрии корӣ сурат гирифт. Дар ин вохӯри роҳбарон ва мутахассисони раёсатҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентии омор ва Муассисаи давлатии маркази кулли ҳисоббарории Агентӣ ширкат варзиданд. 

Вохӯриро муовини Директори Агентӣ Давлатзода Қиёмиддин ифтитоҳ намуда, роҳбари нави гурӯҳи коршиноси байналмилалии татбиқи лоиҳа Игор Чернышевро ба иштирокдорон шинос намуданд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки самти асосии гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ ин дар раванди татбиқи самтҳои гуногуни лоиҳа расонидани хизматҳои машваратӣ мебошад.
 
Ҳамзамон Давлатзода Қиёмиддин - муовини Директори Агентӣ пешниҳод намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани инвентаризатсияи шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳавии Агентии омор гуруҳи корӣ таъсис дода шавад. 
 
Баъдан Игор Чернышев қайд намуданд, ки ширкати Дев-стат уро ба ҳайси роҳбари гуруҳи мушовирони байналмилалии татбиқи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» қабул намудааст ва то ба итмом расидани лоиҳаи мазкур бо Агентии омор ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон иброз намуд, ки ин навбат сафари кории у маҳз ҷиҳати дар оянда тақвият бахшидани корҳо дар самти беҳсозии корҳои оморӣ равона гардидааст. Тибқи нақша аз ҷониби коршинос оид ба масъалаи беҳсозии шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ барои кормандони мақомоти омор семинари омузишӣ гузаронида мешавад. Дар ин раванд раёсату шуъбаҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентии омор вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати кам кардани сарбории ҳисоботсупорандагон ва ҳамзамон бо назардошти аз ҳисоботҳои оморӣ хориҷ намудани нишондиҳандаҳои такроршаванда ва ворид намудани нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор инвентаризатсияи шаклҳои ҳисоботҳои омориро гузаронанд. Инчунин коршиноси байналмилали қайд намуд, ки беҳсозии ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ ин як қисмати асосии Стратегияи миллии рушди омор, ки дар солҳои 2018-2022 банақша гирифта шудааст ба ҳисоб меравад.

 

Другие новости