Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

25.07.2017
Гузариш ба таҳқиқоти интихобии хоҷагиҳои деҳқонӣ–инфиродӣ

Санаи 25 июли соли 2017 семинар - тренинги омузишӣ  барои таҳкикоти интихобӣ аз рӯи  ҳисоботи омории шакли 1- хоҷагиҳои деҳқонӣ «Ҳисобот дар бораи фаъолияти хоҷагиҳои деҳконӣ» дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд бо дастгирии молиявӣ ва техникии Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Семинари омӯзишии мазкур 2 рӯз идома ёфта, роҳбарият, шахсони масъули Сарраёсат ва роҳбарони  макомоти омори маҳаллӣ иштирок доранд.

Ҳадафи асосии семинари мазкур кам кардани сарбории мақомоти омори маҳаллӣ вобаста ба ҷамъоварии иттилоот аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои инфиродӣ дар доираи ҳисоботи моҳона ба ҳисоб меравад.
 
Кори семинар – тренинги омузиширо Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд ифтитоҳ намуда, иқдоми пешгирифтаро фоли нек ҳисобид. Коҳиш додани сарборӣ имконияти бештарро барои таҳлили маълумот пеш оварда, эътимоднокии онро таъмин менамояд, қайд намуд, сардори Сарраёсат – Накҳатзода Ҳ.. Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Давлатзода қайд намуд, ки ба омори кишоварзӣ таваҷуҳи бештар зоҳир шуда, пайваста оид ба ҷамъоварии ҳосил ва ҳосилнокӣ масъалагузорӣ ва таъмини шаффофият ба миён гузошта мешавад.
 
Барои роҳандозии чорабинии мазкур қадами аввалин таҳияи регистри пурраи хоҷагиҳои деҳқонӣ зарур аст. Ба иштирокчиёни семинар дастур дод, ки давоми кори семинар фаъолона иштирок намуда, ба суолҳои худ посух гиранд ва дониши андухтаи худро амалӣ намоянд. 
 
Қисми амалии семинари омӯзиширо Ф. Мирпоччоев – барномасози МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва З. Хоҷаев – сардори Раёсати кишоварзии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда, оид ба барномаи таҳияшуда ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд.
 
Бо пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои мақомоти омори маҳаллӣ лоиҳаи шакли ягонаи ҳисоботи оморӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ такмил дода шуд.
 
Чунин семинарҳои омузишӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
 
Другие новости