Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

31.07.2017
Нишасти матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июли соли 2017 дар Маркази Матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.

 
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», «Садои мардум», «Озодагон», «Халқ - овози», «Минбари халқ», «Азия Плюс», «Ҷумҳурият», «Боҷу хироҷ», «Фараж», «Илм ва ҳаёт», «Рейтер», «Авесто», «Народная газета», шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Душанбе» ва шабакаҳои радиои «Тоҷикистон», «Ховар», «Бибиси», «Озодӣ» ва «Садои Душанбе» иштирок намуданд.
 
Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017 инчунин маводҳои нашрӣ дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017 пешниҳод карда шуд.
 
Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби Директори Агентӣ натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли 2017 ва нақшаву вазифаҳои то охири соли ҷорӣ пешбинишуда ҳисоботи муфассал дода шуд.
 
Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзуъҳои вобаста ба соҳа аз ҷониби Директори Агентӣ, муовинони Директор ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ посухҳои мушаххас манзур карда шуд.
 
Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзуъҳои соҳавӣ саволҳои зерин манзур гардиданд:
 
- чораҳои андешидаи мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли 2017 нисбат ба субектҳои оморие, ки тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳоди саривақтӣ ва бо пуррагии ҳисоботҳои омориро риоя накардаанд;
- оид ба натиҷаҳои асосии гузаронидани 3- таҳқиқоти яквақтаинаи оморӣ аз ҷумла таҳқиқоти «Қувваҳои корӣ», «Маржаи савдо» ва “Истифодабарандагони об”;
- шумораи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2016 ва нимсолаи якуми соли 2017 ба хориҷи кишвар рафтаанд;
- оид ба механизми баҳисобгирии омории шумораи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар рафтаанд;
- оид ба дар кадом сатҳ қарор доштани нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба шумораи нафарони аз 100 сола калон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тақсимот аз рӯи ҷинсият;
- оид ба сабабҳои асосии таъин намудани ҷаримаҳои маъмурӣ нисбат ба субъектҳои оморӣ;
- оид ба нишондиҳандаҳои сабади истеъмолӣ, номгуи маҳсулотҳои сабади истеъмолӣ ва ҳиссаи онҳо дар сабади истеъмолӣ;
- оид ба шумораи нафақахурон ва андозаи миёнаи нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикстон;
- оид ба нишондиҳандаи сатҳи тавварум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба воридоти маҳсулотҳои нафтӣ ва гандум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017;
- оид ба нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017 ва муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта.
 
Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма манзургардида, востба ба масъалаҳое, ки маҳз ба мақомоти омор мансуб мебошад аз ҷониби Роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.
 
Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукамалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегарданд.

 

Другие новости