Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

06.09.2017
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти донорҳо баргузор гардид

Рӯзи 28 августи соли 2017 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо донорҳо баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Директори Агентӣ – Гулнора Кенҷа, Саня Боянич – муовини Директори минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва Сарраёсати Агентии омор дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд. 

 
Вохуриро Гулнора Кенҷа ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар Агентии омор ва созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Хазинаи нуфуси СММ, Ташкилоти Ҳифзи кӯдакони СММ ва Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон муносибатҳои мустаҳками ҳамкорӣ барқарор гардиданд.
Қайд гардид, ки вохурии мазкур ба баррасии натиҷаҳои лоиҳаҳои татбиқшудаистодаи дуҷониба бахшида мешавад.
Барномаи рушди СММ фаъолияти худро бо  зиёда аз 166  давлати дунё ба роҳ монда, барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва проблемаҳои миллӣ ва рушди ин давлатҳо кумак мерасонад.
 
Ҳадафҳои асосии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва рушду нумӯи ҳар як давлати аъзо мебошад. Илова ба ин, дар масоили баромад аз буҳрони иқтисодӣ, соҳаи энергетика, муҳити зист ва тандурустӣ кӯмакӣ амалӣ расони мешавад. 
Аз ҷониби – муовини Директори минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон - Саня Боянич моҳияти ҳамкории байни Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии омор низ қайд гардид ва бояд гуфт, ки маълумотҳои оморӣ дар самти таҳлили ҲРУ нақши калон мебозанд. Бо мақсади ба даст овардани маълумотҳои пурра оид ба индикаторҳои ҲРУ фаъолияти мақомоти омор бояд аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёбад.  
 
Намояндаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Тахмина Азизова оид ба рафти такмили лоиҳаи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ҷиҳати ҷорӣ намудани ҳисобҳои санҷишии Низоми баҳисобгирии Экологӣ – иқтисодӣ (НБЭИ) баромад карда, афзуд, ки дар ин самт алакай натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, малакаи маҳаллӣ низ тақвият дода шудааст, ва ҳамкорӣ дар ин самт бояд давом хоҳад ёфт.
 
Сардори раёсати Системаи ҳисоботҳои миллӣ ва омори молия – Минакова Сабзина барои аҳли нишаст презентация оиди натиҷаҳои ҷорӣ намудани ҳисобҳои санҷишии Низоми баҳисобгирии Экологӣ – иқтисодӣ (НБЭИ), алалхусус захираҳои обӣ ва хоҷагии ҷангал пешниҳод намуд. Кайд гардид, ки НБЭИ таъсири мутақобили экология ва иқтисодиёт, инчунин захира ва тағйирёбии захираи активҳои экологиро инъикос менамояд. Тартиб додани Низоми баҳисобгирии Экологӣ – иқтисодӣ барои такмил додани таснифотҳои стандартӣ дар омори муҳити зист кӯмак мерасонад, аз ин сабаб арзиш ва дурустии иттилооти мавҷуда оид ба муҳити зист меафзояд.  

 
Бояд қайд кард, ки ҷорӣ намудани ҷанбаи нав ба омори муҳити зист бо усули татбиқи принсипҳои ҳисобҳои иқтисодӣ вобастагии захира ва хароҷот ва алоқамандии онро бо иттилооти иқтисодӣ, ки дар ҳисоботҳои расмии иқтисодӣ дар бар гирифта мешаванд, таъмин менамояд ва боиси афзудани эътимодият ва мутобиқати ҳар ду қисм, экологӣ ва иқтисодӣ мебошад. 
 
Инчунин, таъмини заминаи эътимоднок барои ҳисоб кардани нишондиҳандаҳое, ки метавонанд ба маҷмӯи нишондиҳандаҳои рушди устувор дихил бошанд ҷанбаи дигари ҷорӣ намудани НБЭИ мебошад.
 
Намояндаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Парвиз Акрамов оид ба ҳадафҳои лоиҳаи  «Мусоидат ба савдо» қайд намуд, ки моҳи декабри соли 2016 байни БРСММ ва Агентӣ Созишнома оиди татбиқи зерлоиҳаи «Мукаммал гардонидани низоми омори савдо барои ташкили Феҳристи савдо» дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо» ба имзо расид ва ин лоиҳа барои мукаммали оморӣ савдо ниҳоят муҳим мебошад. 
 
Аз ҷониби Сардори раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ Асматбеков Ф. ва сардори раёсати регистри корхонаҳо, ташкилотҳо ва ташкили ҳисоботи оморӣ Раҷабова Н.С. маълумот оиди натиҷаҳои зерлоиҳаи «Мукаммал гардонидани низоми омори савдо барои ташкили Феҳристи савдо» пешниҳод карда шуд. Хусусан қайд гардид, ки ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур такмили тавсияҳои методикӣ, методологияи нави бозҳисоб, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар оянда ба ҳайси инбикаторҳои базавӣбарои санҷиши ҲРУ истифода карда мешаванд. 
Дар доираи лоиҳа 13 масъалаҳои асосӣ амалӣ гардиданд:
- Такмили васоити оморӣ;
- Такмил додани «Методикаи бозҳисоби индекси ҳачми физикии гардиши савдои дохилӣ ва беруна», «Методикаи тартиб додани нишондиҳандаҳои савдои дохилӣ», «Дастурамали методологӣ оид ба савдои берунаи молҳо»;
- Такмил додани «Методикаи бозҳисоби ҳаҷми умумии воридот ва содироти молҳои шахсони инфиродӣ, ҳангоми гузариш аз сарҳади ҶТ, ки дар омори гумрук баҳисоб гирифта намешавад»;
- Бозҳисоби Маржаи савдо барои СҲМ-2008, инчунин такмили ҷадвали «Захира ва хароҷот»; 
- Мукаммал намудани дониши кормандон доир ба гузариш ба Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ, тавсири 2, мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ.
- Таҳлили релевантнокии нишондиҳандаҳои оморӣ ҷиҳати санҷиши ҲРУ;
- Бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории наздиқ ҷиҳати дастрас намудани иттилоот оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар сатҳи 6-10 рақам;
- Такмили методологияи омори савдо , алалхусус омӯзиши методологияи савдои назди сарҳадӣ;
-Такмили усули альтернативии ташкили «Феҳристи савдо»;
- Такмили усули ҷамъоварии ҳисоботи оморӣ, ҷорӣ намудани ҳисоботи электронӣ дар соҳаи савдо ва дигар масъалаҳо. 
 
 Ҳамин тариқ, зерлоиҳаи «Мукаммал гардонидани низоми омори савдо барои ташкили Феҳристи савдо» барои такмили омори савдо мутобиқ ба талаботи имрӯза тариқи ҷорӣ намудани усулҳои методологияи муосир ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандон мусоидат намуд.
 
Муовини Директори Агентӣ - Давлатзода Қиёмиддин, ба иштирокчиён маълумот оид ба зарурати гузаронидани таҳқиқоти интихобии хонаводаҳо оид ба омузиши истифодаи вақти корӣ баромад намуда аз иштирокчиёни ҷаласа дастгирии молиявии масъалаи мазкурро хостанд.
 
Инчунин аз ҷониби сардори шӯъбаи методология ва таснифотҳо Ташрифзода Қ. Доир ба таҳияи нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва эҳтиёҷоти мақомоти омор дар ин ҷода маълумот пешниҳод карда шуд. 
 
Дар интиҳо аз ҷониби иштирокчиён, азми як қатор созмонҳо, аз қабили Ташкилот оид ба бехатарӣ  ҳамкорӣ дар Аврупо ва Барномаи рушди СММ барои дастгирии мақомоти омор иброз гардид.
 

 

Другие новости