Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

21.09.2017
Ташрифи мутахассисони Бахши омори СММ ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бахши омори Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи «Мониторинги татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» - ро амалӣ намуда истодааст.

 
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур рӯзҳои 18-22 сентябри соли 2017 мутахассисони Бахши омори СММ Абдулло Гозалов ва Владимир Мархонко ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, баҳодиҳии имкониятҳои омории Тоҷикистонро дар робитаи ба татбиқи нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор натиҷагирӣ намуда истодаанд.
 
Дар ин раванд баргузории як қатор вохӯриҳо бо Роҳбарияти Агентии омор ва сардорони Раёсату шуъбаҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентӣ ва гурӯҳи кории дар Агентии омор вобаста ба пайгирии нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор таъсис дода шуда, баргузор гардида истодааст.
 
Ҳамзамон вохурии коршиносони Бахши омори СММ бо мутахассисони як қатор вазорату идораҳо аз ҷумла: Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ низ баргузор гардида истодааст.
 
Бояд қайд намуд, ки зимни баргузории вохуриҳо нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор мавриди натиҷагирӣ қарор гирифта, шумораи нишондиҳандаҳои айни замон мавҷудбуда, дар солҳои оянда ҷамъоваришаванда ва ба методологияи муосир ниёздошта инчунин мушкилоту масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифта мешавад.
 
Другие новости