Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

28.09.2017
Дар доираи лоиҳаи «Татбиқи стратегияи рушди омор» дар Агентии омор сафари коршиноси байналмилалӣ хонум Ирина Горячева амалӣ шудаистодааст.

Тибқи қарордоди баимзорасида оиди ҳамкории дуҷониба миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти муштараки (консорсиум) зери роҳбарии DevStat, дар айни замон аз 25 то 28-уми сентябр ташрифи дуюми коршиноси калидӣ хонум Ирина Горячева идома дорад.

Ҳадафи асосии ташрифи коршинос такмилдиҳии методологияи индекси нархҳо дар Агентии омор, инчунин маҳорати мутахассисон дар ин самт, беҳтаркунии сифат ва фарогирии омори нарх барои боз ҳам пурратар қонеъсозии талаботи истифодабарандагони дохилию хориҷӣ мебошад.

Оид ба усулҳои бақайдгирии нархҳои истеъмолӣ, назорати сифати иттилооти ҷаъоваришаванда, инчунин индекси нархҳо дар сатҳи минтақаҳо рӯзҳои 27-28 сентябр аз ҷониби коршинос Ирина Горячева ва мутахассисони шӯъбаи нархҳо ва тарифҳо барои кормандони мақомоти маҳаллии Агентии омор семинарии дохилӣ гузаронида шуд. Дар семинари мазкур мутахассисон - бақайдгирандагони нархҳо аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
 
Семинарро Муовини якуми Директори Агентии омор Шокирзода Шодмон Шариф ифтитоҳ намуда кайд намуд, ки чунин семинар оид ба омори нархҳо дар Агентии омор тайи солҳои охир бори нахуст баргузор мегардад. Ҳисоби индекси нархҳои истеъмолӣ ба молу маҳсулот ва хизматрасониҳо дар соҳаи индекси нархҳо мавқеи муҳим дорад ва қисмати асосии кори семинар ба ҷанбаҳои амалию назариявии ҳисоби индекси нархҳои истеъмолӣ (ИНИ) нигаронида шудааст. Инчунин дар баробари ин дигар масъалаҳои методологии бақайдгирии нархҳо, ҳисоби индексҳои инфиродии нархҳо ва сифати иттилооти ҷамъоваришуда баррасӣ мегарданд.
 
Қайд гардид, ки масъалаи ҷамъоварии маълумоти аввалия аз бисёр ҷиҳат сифати индексҳои нархҳои ҳисобшавандаро муайян менамоянд ва омӯзиши бақайдгирандагони нарх ба сифати ИНИ таъсири назаррас дорад.
 
Барномаи семинар чунин масъалаҳо фаро гирифта буд:
Тавсияҳо оид ба бақайдгирии нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулотҳои озуқаворӣ;
Тавсияҳо оид ба бақайдгирии нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулотҳои ғайриозуқаворӣ;
Тавсияҳо оид ба бақайдгирии нархҳо (тарифҳои) истеъмолӣ ба хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ;
Тавсияҳо оид ба санҷиши сифати бақайдгирии нархҳои (тарифҳои) истеъмолӣ ба молу маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои пулакӣ.
 
Дар ҷараёни семинар чунин масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд:
Мафҳумҳои асосӣ; 
Принсипҳои ташаккулдиҳии маҷмӯи молу маҳсулот (хизматрасонӣ) –намояндаҳо.
Интихоби ташкилотҳои савдои базавӣ;
Тартиби бақайдгирии нархҳо ба намудҳои молу маҳсулот (хизматрасониҳои) алоҳида;
Махсусиятҳои ҷамъоварии маълумотҳои нархӣ ба баъзе намудҳои молу маҳсулот (хизматрасонӣ) – намояндаҳо;
Усулҳои асосии ивазкунӣ дар бақайдгирии нархҳо дар бозори истеъмолӣ;
Усули ивазкунии мол (хизматрасони)-и мушоҳидашаванда дар ташкилоти базавӣ;
Усулҳои ивазкунии объекти мушоҳида – ташкилоти базавӣ;
Усули истифодабарии нархҳои шартӣ (ҳисобӣ);
Усули такроркунии нархҳо;
Махсусиятҳои муайянкунии нархҳои муваққатан мавҷуднабуда.
 
Ҳамзамон дар ҷараёни кори семинар сардори раёсати барномасозии МД «МКҲ» Агентии омор варианти пешакии таъминоти барномавии ҷамъоварии маълумотҳои нархӣ тавассути планшетҳо ва дар марҳилаҳои минбаъда барои ҳисоби нархи миёнаи геометрӣ, ки ба нақша гирифта шудааст, презентатсия карда шуд.
 
Инчунин хонум Горячева дар самти татбиқкунии ҳисоби индекси нархҳо дар сохтмон ва ҳисоби индекси нархҳо дар бозори манзил ба мутахассисони Агентии омор мусоидати техникию омӯзишӣ мерасонад.
 
Другие новости