Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

16.10.2017
Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

 13 октябри соли 2017 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, муовинони Директори Агентӣ, сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарори»-и Агентӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо то охири сол, ҳисоботи мақомоти омори маҳаллӣ оид ба натиҷаи фаъолияти корӣ дар нӯҳ моҳи соли 2017 ва иҷрои вазифаҳо то охири соли 2017 матраҳ гардид.

 
Дар гузориши Муовини аввали Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Ш. зикр гардид, ки Агентии омор дар нӯҳ моҳи соли 2017 тибқи Барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Зиёда аз 7,6 ҳазор ҳисоботи оморӣ ҷамъбаст карда шуда, дар нӯҳ моҳи соли 2017 ба Агентии омор 82 қонуну - қарорҳо 437 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1190 мактубҳои вазорату идораҳо, 388 - мактубҳо аз мақомоти маҳаллии омор, 216 мактубҳо бо воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 15- муроҷиати шаҳрвандон бо таври хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.
 
Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ барои солҳои 2016-2021 иҷрои як қатор корҳо таъмин гардиданд.
Дар нӯҳ моҳи соли 2017 тибқи Барномаи корҳои оморӣ 27 маҷмӯаи оморӣ, 170 бюлетени оморӣ, 32 маълумот, 98 иттилооти таъҷилӣ ва 52 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд.
 
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 
 
Инчунин, дар кори ҷаласа диққати асосӣ ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла: дар соҳаи кишоварзӣ вобаста ба эътимоднок ва пурра ҷамъоварӣ намудани маълумотҳои оморӣ оид ба истеҳсоли картошкаву сабзавот, пахта, сайди моҳӣ, истеҳсоли либосҳои мактабӣ, истеҳсоли равғани растанӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳбарони мақомоти оморӣ маҳалӣ дастури ҷидди дода шуд.
 
Ҳамзамон вобаста ба масъалаи корҳои тайёрии баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили санҷишӣ ва асосӣ таваҷҷуҳи ҷидди зоҳир карда шуд.
 
Дар охири ҷаласа Директори Агентии омор – Гулнора Ҳасанзода бо назардошти баррасии рузномаи ҷаласа ва баромадҳои роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода, сипас ҷаласаи мушовара қарори дахлдор қабул намуд.
 
Другие новости