Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.10.2017
Рӯзҳои 24 то 26 октябри соли 2017 дар Агентии омор дар доираи Барномаи СММ оид ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи корӣ оид ба омор баргузор гардид

 Вохӯрии мазкур бо даъвати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид ва Ассотсиатсияи Савдои Озоди Аврупоӣ (ЕFTA) ташкил карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид - Вейл Стивен ва Катерин Хателайн, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) – Майкл Биддингтон, Ассотсиатсияи Савдои Озоди Аврупоӣ – Таубе Фолкер ва Ребекка Чентил, Бюрои омори Норвегия – Утне Харалд, инчунин Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Озарбойҷон Дафтари омори марказии Ҷумҳурии Афғонистон, Кумитаи омори Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Кумитаи омори Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳи Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ соли 1998 таъсис дода шудааст, ҳамзамон изҳори миннатдориро барои таъмини кори мунтазами гурӯҳи корӣ оид ба омори СММ SPECA, Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид, Ассотсиатсияи Савдои озоди аврупои ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии барои Осиё ва Уқёнуси Ором тарҳрезӣ намудаанд.
 
Ҳамчунин, қайд карданд, ки кишварҳои аъзоёни Созмони Милали Муттаҳид охири соли 2015 дар шаҳри Париж уҳдадориҳои навӣ то давраи соли 2030 -ро қабул намуданд, ки ин Татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.
 
Дар ин самт дар охири соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳуҷҷати стратегиро оид ба рушди кишвар қабул намуд, ки ин: Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад.
 
Таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба мониторинги татбиқи декларатсияи пешинаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нишон дод, ки дар ин замина хизматҳои омори миллии кишварҳои аъзои СММ нақши муҳим бозидаанд.
 
Дар асоси декларатсияи қабулшуда, шарикони рушд, аз ҷумла воҳидҳои минтақавии СММ дар сатҳи минтақаҳо, барои беҳтар кардани ҳамоҳангсозӣ дар самти такмили баҳисобгирии оморӣ ва пайгирии нишондиҳандаҳои ҲРУ кӯшиш мекунанд.
 
Илова ба ин зарур аст, ки иқтидор ва имкониятҳои мақомоти омори миллӣ ба инобат гирифта шавад, зеро мониторинги нишондиҳандаҳои ҲРУ манбаҳои иловагӣ ва вақтро талаб мекунад.
 
Дар ҷаласаи мазкур давоми се рӯз масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: Пешрафт дар самти таҳияи нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор; Маълумоти маъмурӣ барои ҳадафҳои оморӣ ва афзалиятҳо барои корҳои оянда.
 
Дар рафти вохӯрӣ кишварҳо оид ба омодагӣ барои пайгирии мониторинги нишондиҳандаҳои ҲРУ мубодилаи таҷриба намуданд, зеро дастрасии бисёри аз нишондиҳандаҳои ҲРУ аз манбаъҳои гуногун иборат мебошанд.
 
Дар охири вохӯри иштирокдорон ба Агентии омор, барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани ҷаласаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуданд.
 
Другие новости