Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

24.11.2017
Дар доираи лоиҳаи «Татбиқи стратегияи миллии рушди омор» дар Агентии омор сафари коршиноси байналмилалӣ хонум Дита Земите амалӣ шудаистодааст.

Тибқи қарордоди баимзорасида оиди ҳамкории дуҷониба миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти муштараки (консорсиум) зери роҳбарии DеvStat, дар айни замон аз 20 то 24-уми ноябр ташрифи коршиноси байналмилалӣ  хонум Дита Земите идома дорад.

Ҳадафи асосии ташрифи коршинос дар хамкорӣ бо кормандони Агентии омор рушди методологияи баҳисбгирии оморӣ дар бахши сайёҳӣ ва  муайян намудани хароҷоти сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд ба хисоб мерафт.

Санаи 20 уми ноябр вохурии хонум Дита Земите бо кормандони раёсати омори савдо ва хизматрасонии Агентии омор ва МД «МКХ» баргузор гардида, масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор додаанд:
 
 - баррасии вазъи бахисобгирии маълумотхои оморӣ дар бахши омори сайёхи;
- муҳокимаи натиҷаҳои асосии фаъолияти гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба рушди  омори сайёхӣ дар ҷумҳурӣ;
- истифодабарандагони асосии маълумотҳои омории сайёҳӣ (маълумотхои оид ба харочотхо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва талаботҳои онҳо;
- халли проблемаҳо ҷиҳати гузаронидани таҳқикоти назди сарҳадӣ оид ба арзёбии хароҷотҳои сайёҳони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
 
Санаи 21 ноябри соли 2017 бо иштироки намояндагони Вазорати рушди иктисод ва савдо, Кумитаи рушди сайёхи, кормандони раёсати омори савдо ва хизматрасонии Агентии омор ва МД «МКҲ» семинари машваратӣ гузаронида шуд. Семинари мазкур аз ҷониби коршинос оид ба таҷрибаи гузаронидани таҳқиқоти наздисарҳадӣ бо мақсади арзёбии хароҷоти сайёҳон дар Ҷумҳурии Латвия, ки аз соли 1997 то инҷониб гузаронида мешавад, мавриди баррассӣ қарор дода шуд.
 
Семинарро Муовини якуми Директори Агентии омор Шокирзода Шодмон Шариф ифтитоҳ намуда кайд намуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар соҳаҳои иктисодиёти мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба хисоб меравад. Ҳамзамон қайд намуд, ки  бо мақсади рушди ин соҳа дар ҷумҳурӣ сохтори алоҳида - Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис ёфта, мақомоти омор бо мақсади рушди методологияи омори ин бахш кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Бо ин мақсад барои рушди методологияи бахисбогирии бахши сайёҳӣ ва гузаронидани таҳқикоти дар боло зикршуда дар доираи «Стратегияи милли рушди омор» коршинос аз Ҷумҳурии Латвия даъват карда шуд.
 
Сипас аз ҷониби сардори раёсати омори савдо ва хизматраоснии Агентии омор Асматбеков Ф. оид ба раванди баҳисобгирӣ дар бахши сайёҳӣ, проблемаҳо ва роҳҳои халли онҳо дар ҷумхурӣ муфассал маълумот дода шуд.
 
Хамзамон муҳокимарониҳо дар самти гузаронидани таҳқикоти назди сарҳадӣ оид ба  арзёбии хароҷоти сайёҳон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Илова бар ин дар ҳамкорӣ бо коршинос таҳияи саволномаҳо бо дастурамалҳояшон ва рохнамои методологӣ барои гузаронидани таҳқикоти мазкур бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ҷиҳати арзёбии харочоти сайёҳон мавриди муҳокима ва баррасӣ карор дода шуд. 
 
Аз чониби коршинос лоихаи рохнамоӣ методологияи бахисобгирӣ оид ба гузаронидани таҳқиқот, дастур барои мусохибагирандагон ва рохбарони гуруҳҳо  омода карда шуд. 
Другие новости