Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

02.01.2018
27 декабри соли 2017 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти донорҳо баргузор гардид.

Дар кори он Ҳасанзода Г.К. – Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Барномаи рушди СММ, дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Хазинаи нуфуси СММ, Ташкилоти ҳифзи кӯдакони СММ, Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон JICA, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, СБМ,  намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони зерсохторҳои Агентӣ ва Маркази кулли ҳисоббарории Агентӣ ширкат варзиданд.

Чорабиниро бо суханони ифтитоҳи Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуда қайд кард, ки Агентии омор дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва дастгирии Барномаи рушди СММ дар сатҳи миллӣ гузаронидани мониторинги нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди устуворро ба зимма гирифта буд.

Ба Агентии омор лозим омад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ иҷрои маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ ва методологӣ, аз он ҷумла таҳияи Харитаи роҳро оид ба ташаккули нишондодҳои расмӣ дар доираи мониторинги нишондиҳандаҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устуворро таъмин намояд.
 
Мониторинги мазкур тавассути платформаи миллии ҳисобҳо барои Ҳадафҳои рушди устувор сурат мегирад.
Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки Тоҷикистон мустақилан Ҳисоботи ихтиёрии 2017-ум оид ба "Беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ бо роҳи муттаҳид намудани ҳадафҳои асосии рушди устувор ба сиёсати рушди миллӣ"-ро пешниҳод намуд. Тибқи арзёбии ихтиёрии миллӣ, воситаҳои асосӣ барои ворид намудани сиёсати миллии рушди Ҳадафҳои рушди устувор Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати рушди давраи то соли 2020 мебошанд. Айни замон, дар Тоҷикистон вазифаи ҳамоҳангсозии арзишҳои ҲРУ ба сиёсати соҳавӣ ва мутобиқсозии он дар сатҳи минтақавӣ гузошта шудааст.
 
Сипас маърӯзаи муовини Директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Қиёмиддин Давлатзода дар мавзӯи «Дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини босифати мониторинги Ҳадафҳои рушди устувор» шунида шуд. Мавсуф қайд кард, ки нақши ташкилотҳои байналмилалӣ дар баргузории чорабниҳои гуногуни бахши омор ва гузаронидани мониторингҳо хеле зарур аст. Ҳамзамон, зикр гардид, ки низоми минтақавии СММ низ ҷиҳати иҷрои амали Ҳадафҳои рушди устувор бо мақомоти давлатӣ дар самтҳои зерин ҳамкорӣ хоҳад намуд:
- ташаббусҳо доир ба ташвиқу тарғиби Ҳадафҳои рушди устувор;
- расонидани кӯмак ҷиҳати баргузории вазифаҳои асосии Ҳадафҳои рушди устувор ва вазифаҳои муҳими миллӣ;
- муайян ва интишор намудани воситаҳои амалие, ки иҷрои амали барномаро тақвият мебахшанд;
- таъмини шабака ва платформаҳо барои мубодилаи таҷриба;
- дастгирӣ ва таъмини хизматрасониҳо дар бахши вусъати имкониятҳо дар соҳаҳои мухталифе, ки самарабахш ҳастанд ва ғайра.
 
Директори Агентии омор қайд намуданд, ки дар моҳҳои ноябр - декабри соли 2017, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Агентии омор барои ҷалби мушовиринони байналмилалӣ ва миллӣ барои таҳияи нақшаи амалисозии омори расмии ҲРУ кӯмак расонидааст. Ин мутахассисон Михаил Пелех ва Рустам Бобоҷонов буданд. Дар навбати худ, Бобоҷонов Рустам Мирзоевич дар бораи ҲРУ ва нақши мақомоти омор дар мониторинги нишондиҳандаҳои Ҳ маъруза пешниҳод намуд.
 
Оид ба таҳияи харитаи роҳ ва вазифаву мақсадҳо Раҷабова Н.С. – сардори Раёсати таъсиси корхонаҳо, ташкилотҳо, классификаторҳо ва ташкили ҳисоби оморӣ баромад намуд.
 
Ҳамзамон дар мулоқоти донорҳо, аввалин натиҷаи таҳқиқоти қувваи корӣ, ки дар моҳҳои июл-августи соли 2016 гузаронида шуда буд, аз ҷониби Кулов А. - сардори Раёсати омори демографӣ, иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ муарифӣ карда шуд. Дар суханронии ӯ қайд гардид, ки таҳқиқоти мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи Лоиҳаи "Стратегияи Миллии Рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида шуд ва таҳқиқоти мазкур маротибаи сеюм аст, ки дар сатҳи миллӣ аз ҷониби мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Инчунин қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар байни кишварҳои узви ИДМ таҳқиқоти мазкурро дар асоси тавсияҳои охирини байналхалқии Созмони байналмилалии меҳнат гузаронид. Омили дигари муҳими таҳқиқоти қувваҳои корӣ - 2016 аз он иборат буд, ки барои тасниф кардани касбияти аҳолии дар ҳайати қувваҳои кории аз рӯи Таснифоти байналмилалии касбӣ 2008 (МСКЗ-08) буд.
 
Мақсади асосии таҳқиқоти қувваҳои корӣ -2016 ин ба даст овардани иттилооти боэътимод ва ҳамаҷониба оид ба вазъи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
 
Дар баробари рӯйдодҳо, ки метавон бо ҳисоботи мунтазами оморӣ муайян карда шаванд, бисёре аз нишондиҳандаҳое вуҷуд доранд, ки ба манбаи маълумоти оморӣ фаро гирифта нашудаанд. Махсусан, ин гуна шаклҳои фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун худмашғулиятӣ; шуғли ғайрирасмӣ ва шуғл дар бахши ғайрирасмӣ; истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ барои истифодаи худ; кор накардани коргарони касбӣ ва омӯзиши касбӣ; фаъолияти меҳнатии ихтиёриён. Ба ин падида инчунин пурра ба машғулият фаро гирифта нашуда, дар робита бо давомнокии вақти кор, сохтори касбии тамоми аҳолии машғул ва тақсимоти он бо фаъолияти иқтисодӣ ва бахшҳои асосии иқтисодиёт, нобаробарии гендерӣ, мавқеи ҷавонон дар бозори меҳнат, нокифоягии қувваи корӣ ва ғайра мебошанд.
 
Натиҷаҳои зерин низ нашр шуданд:
Дар соли 2016 шумораи аҳолии синни 15-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5314 ҳазор нафар, аз он ҷумла 2559 ҳазор нафар мардон ва 2755 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи қувваҳои корӣ аз шумораи аҳолии дар синну соли қобили меҳнат қарор дошта, 2252 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ҳиссаи аҳолии машғулин аз шумораи умумии аҳолии дар синни қобили меҳнат қарор дошта, 42,4 фоизро ташкил дод.
Дар Тоҷикистон шумораи аҳолии қобили меҳнат дар соли 2004 -ум то 3980 ҳазор нафар, дар соли 2009 то 4707 ҳазор нафар ва дар соли 2016 -ум то 5314 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Дар давраи солҳои 2004 ва 2016 суръати афзоиши солона тақрибан ду фоизро ташкил медиҳад.
Шумораи машғулин 2096,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ҳиссаи аҳолии машғули кор дар шаҳрҳо аз шумораи умумии коргарон дар соли 2004 -ум 20,0 фоиз, дар соли 2009 то 24,5 фоиз ва дар соли 2016 -ум 24,6 фоиз афзудааст.
Дар бахши ғайрирасмӣ 133,4 ҳазор нафар кормандон муайян карда шуд, ки 15,6 фоизи шумораи умумии кормандони машғулинро ташкил медиҳад.
Сатҳи занони машғулин (40,5 фоиз)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба мардони машғулин (59,5 фоиз) кам мебошад.
Ҳиссаи заноне, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, 24,1 фоизро ташкил додааст ва ғайраҳо.
 
Баъдан Минакова Сабзина сардори Раёсати системаи ҳисобҳои миллии Агентии омори назди президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои «Таҳқиқоти қувваи корӣ дар соли 2016» барои ҳисобҳои миллӣ маъруза пешниҳод намуд.
 
Ҳамзамон дар мулоқот бо донорҳо, самтҳои асосие, ки ба кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ барои омодагӣ ва гузарондани бомуваффақияти барӯйхатгирии аҳолии соли 2020 ва барӯйхатгирии озмоишии соли 2018 ниёз дорад пешниҳод карда шуд.
 
Директори Агентии омор Ҳасанзода Гулнора қайд намуд, ки ҳоло яке аз афзалиятҳои Агентии омор қаноатмандии эҳтиёҷоти истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ мебошад. Дар асоси натиҷаҳои гузаронидани таҳқиқоти талаботи истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ, Агентии омор нақша дорад, ки пешниҳодҳои вобаста ба баланд бардоштани сифати маълумот, сифати нашрияҳо, маълумоти дар сомонаи Агентӣ ҷойгиркардашуда ва усулҳои паҳнкунии маълумоти омориро дар таҳияи лоиҳаҳои нав пешбинӣ менамояд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки пешниҳодҳои аз ҷониби истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ манзургардида, дар таҳия намудани стратегияи нави рушди омори миллӣ, барои соли 2018-2022 ба нақша гирифта мешавад.
 
Натиҷаҳои пешакии "Таҳқиқоти истифодабарандагони маълумоти оморӣ" аз ҷониби Косимов Х. - сардори раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии Агентӣ пешниҳод карда шуд. Дар баромади худ, қайд намуд, ки таҳқиқоти мазкур аз ҷониби Агентии омор дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2017 гузаронида шудааст.
 
Таҳқиқоти истифодабарандагони маълумоти оморӣ, дар байни гурӯҳҳои мақсадноки истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ гузаронида шудааст.
 
Саволномаҳои баргардонидашуда:
- бо воситаи почтаи электронӣ 30 фоиз,
- бо усусли анъанавӣ тафсири қоғазӣ 85 фоизро ташкил додааст.
 
Қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти оморӣ асосан дар доираи 2-4 ифода шудааст (қаноатманд, як андоза қаноатманд, қисман қаноатманд).
 
Маълумоти мунтазами мавриди истифода қарор дода шаванда дар бораи СҲМ ва ММД, омори нархҳо, омори соҳавӣ, кишоварзӣ, омори демографӣ ва омори минтақавӣ ба ҳисоб рафта, омори молия, омори экологӣ, савдои хориҷӣ, шуғл, даромад ва камбизоатӣ мавриди истифодаи камтар қарор дода шудааст.
 
Аксари истифодабарандагон маълумоти омориро аз нашрияҳои расмии Агентии омор ва сомонаи Агентӣ (90 фоиз), нашрияҳо/вебсайтҳои Созмонҳои байналмилалӣ (21 фоиз) ва нашрияҳои расмӣ/вебсайти Бонки миллӣ (17 фоиз) дастрас менамоянд.
 
Омори расмӣ асосан барои маълумоти умумии иқтисодӣ, инчунин таҳлили тамоюлҳо барои таҳияи сиёсатгузории дарозмуддат ва бо мақсади қабули ҳалли масъалаҳои кӯтоҳмуддат, инчунин истифодаи маълумоти расмии оморӣ бо мақсадҳои таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
 
То кадом андоза маълумоти оморӣ дастрас аст, шумораи зиёди посухгӯяндагон қайд намуданд, ки дастрасӣ ба маълумотҳои оморӣ хеле осон аст, танҳо 3,4 фоизи посухдиҳандагон ҷавоб доданд, ки хеле душвор аст.
 
Ба саволи "Аз дастрасии саривақтии нашрияҳои омори расмӣ то кадом андоза қаноатманд ҳастед", беш аз нисфи пурсидашудагон қаноатманданд - 70 фоиз, 15 фоиз комилан қаноатманданд ва 10 фоиз қаноатманд нестанд.
 
Истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ барои ҷамъоварии маълумот, ҷойгиркунонии маводҳои оморӣ дар сомонаи расмии мақомоти омор, нашр намудани маҷмӯаҳои омории соҳавӣ ва гузаронидани пурсиши талаботи истифодабарандагони маълумоти оморӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд, изҳори миннатдорӣ намуданд.
 
Дар хотимаи мулоқот Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасанзода Г.К. ба ҳама иштирокчиён ҷиҳати ширкат дар мулоқот бо шарикони рушд изҳори сипос намуда афзуд, ки Агентии омор, роҳбарият ва кормандони он ҳамеша ҷиҳати баргузории чунин муколама ва мулоқотҳо, ки ба вусъати кори муштарак кӯмак мерасонанд, омодаанд.
 
Другие новости