Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.18 8,931 млн.
Тавварум дар соли 2017 6,7%
ИНИ дар соли 2017 106,7%
ММД дар соли 2017 61,1 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

09.03.2018
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид.
5-уми марти соли 2018 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар робита ба масъалаҳои омодагӣ барои гузариш ба Системаи ҳисобҳои миллии семоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии таснифоти миллии ҳунарҳои мардумӣ, баҳисобгирии омории ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид.
 
Дар кори он намояндагони масъули Агентии омор, маркази кулли ҳисоббарорӣ, вазорату идораҳои дахлдор: вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, кумитаи давлатии геодезӣ ва заминсозӣ, агентии хоҷагии ҷангал, хадамоти гумрук ва ғайра ширкат варзиданд.
 
Ҷаласаро бо суханони муқаддимавӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуд. Ӯ зикр кард, ки таҷрибаи ҳамаи давлатҳои ИДМ нишон медиҳад, ки барои пешбурди сиёсати иқтисодие, ки рушди муътадил дорад, ҳисобҳои миллии семоҳа хеле қулай ва муътамад маҳсуб меёбанд. Аз ин ру, Агентӣ тасмим гирифтааст, ки масъалаи гузариш ба ҳисобҳои миллии семоҳаро пеш аз ҳама дар доираи гуруҳи корӣ баррасӣ намояд ва фикру ақидаҳои онҳоро ба асос гирифта, дар ин замина таклифу пешниҳоди мушаххас ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
 
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худашон, соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ номиданд. Албатта мақомоти омори давлатӣ ҷиҳати пайгирӣ ва натиҷабардории соли 2018 уҳдадорӣ ба душ дорад.
 
Дар ин замина низ таснифоти миллии ҳунарҳои мардумӣ таҳия гардида, лоиҳаи шакли ҳисоботии 1 – субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ омода ва барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.
 
Сипас, сардори раёсати системаи ҳисобҳои миллии Агентӣ – Минакова С. доир ба корҳои омодагӣ барои гузариш ба системаи ҳисобҳои семоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи роҳандозӣ намудани ин усул ба чунин ҳадафҳо расидан имконпазир аст:
 
- Ҷорӣ намудани стандарти нави байналмилалии Системаи ҳисобҳои миллӣ;
- Ҷорӣ намудани Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ;
- Талаботҳои нав, сарчашмаҳои нави маълумотҳо;
- Такмил додани ҳисоби Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;
- Ҷорӣ намудан ва нашри Маҷмӯи маҳсулоти дохилии семоҳа;
- Истифодаи босамари захираҳо.
 
Аз рӯи масъалаи дуюм сардори раёсати таъсиси регистри корхонаҳо, ташкилотҳо, классификаторҳо ва ташкили ҳисоби омории МД «Маркази кулли ҳисоббарори»-и Агентӣ Раҷабова Нигина, сардори раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Агентӣ - Ғафуров Шеравган ва сардори раёсати омори савдо ва хизматрасонии Агентӣ – Асматбеков Фирдавси бо навбат маълумот пешниҳод намуданд. Вобаста ба таснифоти намудҳои ҳунармандӣ намудҳои фаъолияти он бо чунин тарз гурӯҳбандӣ шуда, пешниҳод гардид:
 
01. Истеҳсоли маҳулоти озуқаворӣ;
02. Истеҳсоли нассоҷӣ ва либос;
03. Истеҳсоли чарм, маснуоти чармӣ ва пойафзоли чармӣ;
04. Коркарди чӯб ва истеҳсоли маснуоти чӯбӣ;
05. Истеҳсоли маснуоти фармакологӣ, ороиши рӯй, пӯст ва атриёт;
06. Истеҳсоли дигар маҳсулоти минералии ғайриметаллӣ;
07. Истеҳсоли металл ва маснуоти тайёри филизӣ;
08. Истеҳсоли масуноти боқимонда;
09. Сохтмон;
10. Тайёр кардани таъомҳои миллӣ;
11. Фаъолият дар соҳаи тандурустӣ;
12. Фаъолият дар соҳаи вақтхушкунӣ
 
Дар охири кори ҷаласа фикру андешаи меҳмонон шунида шуд. Ба ҳама иштирокчиёни ҷаласаи байниидоравӣ маводи зарурӣ дастрас шуда, барои пешниҳоди хулосаҳои онҳо муҳлат муайян карда шуд. 
 

 

Другие новости