Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.18 8,931 млн.
Тавварум дар соли 2017 6,7%
ИНИ дар соли 2017 106,7%
ММД дар соли 2017 61,1 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

12.03.2018
Дар чаҳорчӯбаи татбиқи Лоиҳаи СМРО ба Агентӣ ташрифи коршиноси калидӣ ҷаноби Хосе Сервера ва коршинос Александр Белый сурат гирифт.

Тибқи шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Агентии омор ва корхонаи муштараки (консортсиум) бо роҳбарии Ширкати Девстат рӯзҳои 5 - 8 марти соли 2018 коршиноси калидӣ ҷаноби Хосе Сервера оид ба расонидани кӯмаки техникӣ дар самти паҳнамоии электронии иттилооти оморӣ бо истифода аз технологияҳои муосири интернетӣ ва аз 5 то 9 марти соли ҷорӣ коршинос Александр Белый оид ба ташкили китобхонаи электронӣ ба Агентии омор ташриф оварданд.

Ҳадафи асосии ташрифи коршиносон ин расонидани кӯмак ба Агентии омор дар ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии захираҳои иттилоотии оморӣ ва таъсиси пойгоҳи омори давлатӣ дар шакли системаи ягонаи муназзами оморӣ, таъсиси китобхонаи электронӣ, ҷамъоварии ҳамаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ барои мутахассисони мақомоти омор вобаста ба таъсис ва нигоҳ доштани китобхонаи электронӣ иборат буд.

Дар чаҳорчӯбаи ташрифи мазкур аз ҷониби Хосе Сервера иҷрои чунин корҳо анҷом дода шуд: таъсиси захираи маводҳои омори давлатӣ дар низоми ягонаи муназзами оморӣ дар чаҳорчӯбаи раванди ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии пойгоҳҳои иттилоотии оморӣ; бо коршиносон оид ба таъсиси сомонаи нави Агентии омор ва китобхонаи электронӣ вохӯриҳо баргузор гардида, корҳои дар ин самт ба анҷомрасонидашуда мавриди муҳокима қарор дода шуданд, инчунин барои паҳн кардани нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва таъмини сифати раванди паҳнкунии нишондиҳандаҳо кӯмаки техникӣ расонида шуд.
 
Дар чаҳорчӯбаи ташрифи Александр Белый вазифаҳои зерин анҷом дода шуд: дар ҳамкорӣ бо Раёсати таъсиси регистри корхонаҳо, ташкилотҳо, класификаторҳо ва ташкили ҳисоби оморӣ, маҳфумҳои асосии таъсиси китобхонаи электронӣ, аз ҷумла масъалаи дастрасӣ ба китобхонаи мазкур; консепсияи китобхонаи электронӣ таҳия гардида, ба гурӯҳи корӣ оид ба паҳнкунии электронӣ пешниҳод карда шуд; якҷоя бо Гурӯҳи корӣ бо истифода аз манбаҳое, ки бо сомонаи расмии нави Агентии омор ва Intқanӯt алоқамандӣ доранд, китобхонаи электронӣ таҳия карда шуд, ки ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани ҳамаи маводҳо дар китобхонаи электронӣ имконпазир мебошад.
 
Дар доираи сафарҳои минбаъдаи коршиносон иҷрои корҳо дар самти рушди минбаъдаи тақвияти системаи миллии омори Тоҷикистон дар таҳия ва паҳн намудани маълумоти боэътимод ва саривақтии оморӣ бо роҳҳои камхарҷи самарабахш мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти истифодабарандагони маълумоти оморӣ идома хоҳад ёфт.
Другие новости