Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.18 8,931 млн.
Тавварум дар соли 2017 6,7%
ИНИ дар соли 2017 106,7%
ММД дар соли 2017 61,1 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.03.2018
Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор» бори дуюм ташрифи коршиноси байналмилалӣ Миша Белкиндас ба Агентии омор сурат гирифт.

Мутобиқи созишномаи дуҷонибаи ба имзорасида оид ба ҳамкориҳои муштараки Агентии омор ва корхонаи муштараки (Консортсиум) таҳти роҳбарии Ширкати ДевСтат аз 12 то 16 марти соли 2018 бори дуюм ташрифи коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Миша Белкиндас вобаста ба таҳияи стратегияи нави рушди омори миллӣ барои солҳои 2018-2022 амалӣ гардид.

Мақсади асосии ташрифи коршинос пешниҳод намудани тавсияҳо ба гурӯҳи татбиқи Лоиҳаа оид ба масъалаҳои асосие, ки дар Стратегияи милли рушди омори нав таҷассум мешаванд, иборат буд.

Вобаста ба омода намудани ҳуҷҷати пурраи лоиҳаи Стратегия тавсияҳо дода шуд, зермақсадҳои барнома аз нав коркард шуданд, нишондиҳандаҳои «Маълумоти кушод» (тибқи таҳқиқоте, ки масъалаи кушода будани низоми омори миллӣ омухта мешавад) оид ба Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар давлатҳои минтақа, мониторинги ва сохтори натиҷаҳои СМРО ва дигар масъалаҳо матраҳ гардиданд.
 
Дар вохури бо донорҳо, ки санаи 16 март дар Агентии омори сурат гирифта, маълумоти мухтасар дар бораи сохтори СМРО, навгониҳо ва фарқиятҳои он аз стратегияҳои пешина пешниҳод карда шуд.
 
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки стратегияи нав барои чӣ зарур аст: махсусан стратегияи пешина барои солҳои 2012-2016 таҳия гардида буд,  лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои  2015-2018 ба охир мерасад; сиёсати дурбинонаи нав пайдо гардиданд – Ҳадафҳои Рушди Устувор барои арзёбӣ ва мониторинги зиёда аз 200 нишондиҳанда , инқилоти маълумот зарур аст.
 
Мақсади умумии стратегӣ (ё консепсия) СМРО-2 иборат аст аз:
Модернизатсияи равандҳои оморӣ дар ҷодаи рушд ва пешниҳоди маълумоти саривақтӣ ва муътамад барои мониторинги барномаи муҳимтарини ҳуқуматӣ вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, таъмини самаранокии равандаи ташаккули оморӣ, такмили сатҳи касбияти кормандон.
 
Ҳадафҳои стратегии СМРО-2:
Ҳадафи 1. Баланд бардоштани малакаи институтсионалӣ барои фаъолияти самараноки Низоми омори миллӣ, аз чумла Агентии омор.
Ҳадафи 2. Зиёд намудани ҳаҷм ва доираи паҳнкунии кушоди омори расмӣ, такмили сифати паҳнкунии иттилооти омори расмӣ.
Ҳадафи 3. Такмили низоми ташаккул ва методологияи омори расмӣ, таъсис ва рушди самтҳои нави фаъолияти омор.
Ҳадафи 4. Беҳтар намудани инфрасохтори оморӣ якҷо бо таҳияи Технологияҳои иттилоотӣ . 
 
Коршинос Миша Белкиндас, ҳамчунин барои ба анҷом расонидани таҳияи барномаи СМРО ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ,  масъалаи маблағгузории барномаи мазкур тавсияҳои судманд дод.
Другие новости