Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Ҷойҳои холии корӣ

АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати 
давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:
 

Маъмурият
 
Ёвари Директор – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1151 сомонӣ 50 дирам;
 
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
 
сардори шуъба – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1400 сомонӣ 60 дирам;
 
Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ
 
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 847 сомонӣ 60 дирам;

Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ
 
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1040 сомонӣ;
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 847 сомонӣ 60 дирам;
 
Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист
 
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ 80 дирам;
 
Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот
 
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1040 сомонӣ;

Раёсати Агентии омор дар ноҳияи Рудакӣ
 
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665 сомонӣ 60 дирам;

Раёсати Агентии омор дар шаҳри Ваҳдат
 
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665 сомонӣ 60 дирам;

Шуъбаи Агентии омор дар ноҳияи Файзобод
 
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665 сомонӣ 60 дирам;
 
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Тоҷикобод
 
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665 сомонӣ 60 дирам;
 
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш
 
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 546 – сомонӣ.
 
Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:
  • барои сардори шуъба  - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; барои ёвари директор - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • барои сармутахассисон - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • барои мутахассисони пешбар - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • барои мутахассисон - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);
  • барои довталабони мақомоти омор дар маҳалҳо 
  • дар доираи талаботи тахассусӣ ғайр аз ихтисосҳои иқтисодӣ, оморӣ ва математика, инчунин ихтисосҳои менеҷментии соҳаи кишоварзӣ (агрономӣ-менеҷмент, агрономи боғпарвар - иқтисодиёт менеҷмент, зоотехнология менеҷмент, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ - иқтисодиёт менеҷмент, беҳдошти замин – иқтисодиёт ва менеҷменти хоҷагии об), барои мансабҳои категорияи шашум (мутахассиси пешбар) таҳсилоти олии кишоварзӣ ва барои категорияи ҳафтум (мутахассис) таҳсилоти миёнаи касбии кишоварзӣ ба инобат гирифта мешавад.
Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
 
- аризаи шахсӣ ба унвони директори Агентӣ;
  - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- 2 дона расми андозаи 4х6;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли  038).
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
 
734025, ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №306 ва №307
Тел: 227-63-24;  221-57-21; Faҷ: 221-43-75;
 
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба муҳлати 21 рӯз  аз рӯзи нашри эълон (аз 6 июли то 26 июли соли 2017) .
 

 

Другие новости