Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Иштирок дар роҳпаймоии идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Иштирок дар роҳпаймоии идона ба ифтихори  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 9 сентябри соли 2021 дар назди майдони Парчамии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷилояти Суғд, сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ва беш аз 15 ҳазор нафар шахрвандони ноҳия роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Боиси зикр аст, ки дар роҳпаймоии умумихалқӣ намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ, ҷавонону варзишгарон, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои молиявӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, занону ҳунармандон, ва ғайраҳо бо намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ бо руҳияи баланди садоқат ба ватан ва соҳибистиқлолии  кишвар иштирок намуданд.




0 комментария к “Иштирок дар роҳпаймоии идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон