29.08.23
Дар ҳисоботи мазкур натиҷаҳои баҳодиҳии нишондиҳандаҳои калидии тиббӣ ва демографии кишвар пешниҳод карда мешавад.
Дар доираи ТТДТ/2017 иттиллоот оид ба таваллуд ва истифодаи усулҳои пешгирии ҳомиладорӣ, солимии занон ва кӯдакон, ғизои занон ва кӯдакон, фавти кӯдакони навзод ва кӯдакони синни то 5 сола, бохабар будан аз масъалаҳои вобаста ба ВНМО ва дигар бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ҳамчунин дигар нишондиҳандаҳо вобаста ба солимии аҳолӣ пешниҳод карда шудааст. ТТДТ/2017 дуввумин Таҳқиқоти Тиббӣ-Демографӣ баъди ТТДТ 2012 мебошад, ки нишондиҳандаҳои нави калидии тиббӣ-демографиро дар бар мегирад.
0 комментария к “Агентии омор натиҷаҳои аввалияи Таҳқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2017-ро дар «Гузориш оид ба нишондиҳандаҳои калидии ТТДТ/2017» пешниҳод менамояд”