29.08.23
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ – овози», «Минбари халқ», «Народная газета», «Паёми Душанбе», «Азия Плюс», «Тоҷикистон», шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Душанбе» ва шабакаҳои радиои «Тоҷикистон», «Ховар», «Овози тоҷик» ва «Садои Душанбе», «Радиои Озодӣ» иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2018, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуда, барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 пешниҳод гардид.
Нишасти матбуотиро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Ҳасанзода Г.К., оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатии омор дар соли 2018 суханронӣ намуд.
Сипас ба саволҳои рузноманигорон Директори Агентӣ, муовинони Директори Агентӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавии Дастгоҳи марказӣ посух доданд.
Дар мавзӯъҳои соҳавӣ аз ҷониби намояндаҳои воситаҳои ахбори омма саволҳои зерин оид ба:
– шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2018;
– шумораи нафарони беманзил;
– сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– миқдори корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда ва барҳамхурда дар соли 2018;
– истеҳсол, фурӯш ва содироти меваҳои ситрусӣ дар соли 2018;
– намудҳои ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– чораҳои андешидаи мақомоти омор дар соли 2018 нисбат ба субектҳои оморие, ки тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳоди саривақтӣ ва бо пуррагии ҳисоботҳои омориро риоя накардаанд ва ғайра.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ вобаста ба соҳаҳои мухталиф авобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукамалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегард.
0 комментария к “Нишасти матбуотӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”