Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи зергурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба тағйиру иловаҳо ба шакли омории 17-ВҚ варақаи қабули пахта

Ҷаласаи зергурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба тағйиру иловаҳо ба шакли омории 17-ВҚ варақаи қабули пахта

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи зергурӯҳи кории байниидоравӣ бо иштироки муовинони Директори Агентии омор, сардорони раёсатҳои дахлдори Агентӣ ва намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, молия, кишоварзӣ, Кумитаи андоз, агентиҳои стандартизатсия, метрология ва нозироти савдо, содирот ва КВД “Шарқи озод” баргузор гардид.

Дар ҷаласа баррасии мушкилотҳои ҷойдошта дар самти баҳисобгирии истеҳсол ва коркарди пахта, муҳокимаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба варақаи №17-ВҚ ва роҳандозии механизми нави пешниҳоди он бо усули электронӣ бо истифода аз токен, муаррифии барномаи электронии таҳияшуда ва масоили дигар матраҳ гардиданд.
  • Муовини Директори Агентии омор Мирзоён Нодир бо сухани ифтитоҳӣ ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар робита ба амалишавии Консепсиия иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 декабри соли 2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардидааст ва оид ба иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2023, №21507 (22,8) ҷиҳати таъмини шаффофияти маълумоти омории истеҳсоли пахтаи хом ва нахи пахта, аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, роҳандозии механизми нави баҳисобгирӣ бо истифода аз токен дар корхонаҳои пахтатозакунӣ, мақомоти омори давлатӣ тасмим гирифтааст, ки бо иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдор масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор диҳад. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки варақаи 17-ВҚ ҳамчун варақаи ҳисоботии қатъӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибавӣ таҳия карда мешавад.
Хуршед Қосимов, садори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омор оид ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба варақаи №17-ВҚ ба тариқи рунамо муфассал иттилоъ дода, таъкид намуд, ки варақаи мазкур аз ҷониби корхонаҳои қабул ва заводҳои пахта тибқи талаботи мақарраргардида дар се нусха таҳия карда мешавад, ки як нусха дар корхона, як нусха дар хоҷагӣ ва як нусха дар мақомоти маҳаллии омор ҳифз карда мешавад.
Ҳамзамон, сардори Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Агентии омор Асматбекзода Фирдавс вобаста ба инъикоси дурусти ҷамъоварии пахтаи хом аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва коркарди нахи пахта ибрози назар намуда, роҳандозии механизми нави баҳисобгириро дар ин самт ба таъмини саҳеҳияти маълумоти оморӣ, ки мустақиман бо тасдиқи корхонаҳои пахтатозакунӣ бе дахолати мақомотҳои дахлдор ба махзани иттилооти Агентии омор ворид мегарданд, мусоид арзёбӣ намуд.

Аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо роҳандозии механизми нави баҳисобгирӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба варақаи №17 ВҚ пурра дастгирӣ ёфта, ибрози назар карда шуд, ки баъзе камбудиҳое, ки дар баҳисобгирии пахта мушоҳида мегарданд, роҳандозии ин механизм ба таъмини шаффофияти маълумотҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон ин раванд ҷиҳати таъмини ҷамъоварии саривақтии андоз низ мусбӣ арзёбӣ мегардад.

  • Пахта ҳамчун маҳсулоти асосии содиротии кишвар ба ҳисоб рафта, маҳз чунин хусусият доштан онро ба ашёи стратегӣ табдил додааст. Бинобар ин, дар ин раванд рушди истеҳсолу коркарди пахта яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гашта, пайваста дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
 



Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон