Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ҶАЛАСАИ 19-УМИ ШӮРОИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ДОНИШКАДАИ ОМОРИ СММ ДАР МАЛАЙЗИЯ

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ҶАЛАСАИ 19-УМИ ШӮРОИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ДОНИШКАДАИ ОМОРИ СММ ДАР МАЛАЙЗИЯ

Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентии омор рӯзҳои 13 – 15 декабри соли 2023 дар ҷаласаи 19-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Донишкадаи омори СММ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва семинари идоравии 18-ум барои роҳбарони аввали мақомотҳои омори минтақа ширкат доранд. Баргузории ҷаласаҳои мазкур дар шаҳри Куала-Лумпури Ҷумҳурии Малайзия муайян шуда, кори он имрӯз 13 декабр оғоз гардид.

Ҷаласаи Шӯро аз ҷониби Донишкадаи омори СММ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил гардида, масъалаи асосии кори он баррасии корҳои иҷрогардида дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои омори давлатҳо, нақшаи амал барои соли 2024 ва муаррифии нақшаҳои дарозмуддат барои солҳои 2025-2029 мебошад. Дар ин Шӯро, таклифу пешниҳодҳои роҳбарони аввали мақомотҳои омори давлатҳо ҷиҳати ташкили курсҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи омор дар солҳои оянда ба инобат гирифта хоҳад шуд.

Инчунин, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро, семинари идоравии 18-ум барои роҳбарони аввали мақомотҳои омори минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, аз ҷониби бахши омори Комиссияи иктисодӣ ва иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил гардида, дар он иштирокчиён имконият доранд оид ба рушди низоми омори миллӣ ва дастовардҳои соҳа табодули таҷриба ва муошират намоянд. Мавзӯи асосӣ дар ин семинар, ин риояи дурусти принсипҳои асосии омори расмӣ дар мақомотҳои омори давлатҳои минтақа мебошад.

Дар доираи кори ҷаласаҳои мазкур вохӯрии Директори Агентии омор бо роҳбари Донишкадаи омори СММ, Директори мақомоти омори Малайзия, намояндаи шуъбаи омори СММ, дигар шарикони рушд ва намояндагони мақомотиҳои омори давлатҳои минтақа оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти омоданамоии кадрҳои баландихтисос ва табодули таҷриба бо дигар давлатҳо дар назар дошта шудааст.



0 комментария к “ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ҶАЛАСАИ 19-УМИ ШӮРОИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ДОНИШКАДАИ ОМОРИ СММ ДАР МАЛАЙЗИЯ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон