Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ВОХӮРИИ ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ВОХӮРИИ ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Дар ҳошияи Ҷаласаи 55-уми Комиссияи омории СММ вохӯрии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ хонум Ҳайшан Фу сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз ташкили чунин як вохӯрии судманду зарурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти омори Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ва иҷроиши як қатор корҳо дар доираи Лоиҳаи “Навкунии низоми омори миллӣ дар Тоҷикистон” ва таҳияи нақшаи чорабиниҳои дуюми иҷрои Стратегияи рушди омори миллӣ изҳори назар карданд.

Ҳамзамон вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар самти зиёд намудани шумораи хонаводаҳои Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, зарурияти гузаронидани баруйхатгирии кишоварзӣ дар Тоҷикистон, рақамикунонии пурраи соҳа ва омода намудани кадрҳои баландихтисос, ҷонибҳо мубодилаи афкор намуданд.




0 комментария к “ВОХӮРИИ ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон