Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Бо мақсади таъмини иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ, суннатҳои наврӯзӣ бо иштироки васеъи шаҳрвандон баргузор ва таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 19 то 23 марти соли 2024 Нурмаҳмадзода Ҷамшед, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо мақсади боздид аз рафти иҷрои корҳои ободкорию созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, иштирок дар тантанаҳои ҷашни бостонии Наврӯз ва анҷом додани суҳбату мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

Дар ин сафар роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек аз рафти корҳои ниҳолшинонӣ ва ободонӣ дар ноҳия аз наздик шинос гардида, дар заминҳои назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва майдони Исмоили Сомонӣ ниҳолҳо ва гулҳои ороишӣ шинонида шуд.

  • Аёдати ниёзмандону собиқадорони меҳнат

Аёдати ниёзмандону ятимон дар рӯзҳои иди Наврӯз
даст ба амали хайру савоб дароз кардан аз суннатҳои неки тоҷикон ба шумор меравад. Дар арафаи ҷашнҳои миллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор аҷру савоби бештар дорад.


Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо риояи анъанаи неки ниёгон, бо такя ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд, ба аёдати собиқадорони меҳнат, беморон, маъюбон ва ятимон рафта, дар арафаи ҷашни бостонии Наврӯз бо дастрас намудани маводи ғизоӣ, кӯмаки молӣ ва воситаҳои ёрирасон хотири онҳоро болида гардониданд.

  • Боздид аз дидбонгоҳи сарҳадӣ

Ҳамчунин роҳбари гурӯҳи корӣва Раиси вилояти Суғд ба қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон №051056, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Деҳмой ва дидбонгоҳи сарҳадии №0214 Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти Гулхона боздид карда, бо маводҳои хӯрока таъмин намуда, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба афсарону сарбозон табрик намуданд.

  • Иштирок дар чорабинии наврӯзӣ

Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва Раиси вилояти Суғд дар чорабинии Наврӯзии сокинони ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз иштирок карда, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро табрик намуданд. Зимни суҳбат бо сокинон қайд карда шуд, ки дар даврони истиқлоли давлатии кишвари азизамон, маҳз дар заминаи талошҳои дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз ва суннатҳои он аз нав эҳё гардида, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешаванд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ ва Раиси вилоят ҳамзамон аз хаймаҳои наврӯзии сокинон боздид карда, фаъолияти ҳунармандону сӯзанидӯзон, устоҳои халқӣ ва дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

  • Машварати корӣ бо фаъолони ноҳия

21 марти соли ҷорӣ роҳбарии гурӯҳи корӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолони ноҳия машварати корӣ баргузор намуд. Роҳбари гурӯҳи корӣ ҳамаи иштирокдорони маҷлис ва кулли мардуми ноҳияро ба муносибати фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз ва ҳамчунин моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу намуда, ҳамзамон доир ба нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 марти соли 2024 ироа гардида буд, ба самъи иштирокчиён расонид.

Зикр карда шуд, ки дар рафти мулоқот Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ кардаанд.

Аз ин хотир, пешниҳод карданд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд. Таъкид намуданд, ки айни замон дар ноҳия 3429 оилаҳои камбизоат, 1127 маъюбон, 9807 нафар пиронсолону барҷомондагон, 648 ятимон аз ҷумла 13 нафар ятимони кулл ба қайд гирифта шудааст, ки мунтазам ба кумак ва ёрӣ ниёз доранд, ки расонидани кӯмак ба ин қишри ҷомеъа дар ин моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби даҳчанд дорад.

Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз фаъолон даъват ба амал овард, ки барои иҷрои супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот зикр гардидаанд, баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳолӣ корҳои огоҳсозӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ амалӣ намоянд. Ҳамчунин оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қайд гардид, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамосози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.

  • Гузоштани санги асос ба бинои истиқоматии баландошёна

Дар идомаи сафари корӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз роҳбари гурӯҳи корӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия ба бунёди бинои истиқоматии баландошёна, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каримов Адҳамҷон сохта мешавад, санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳакаши иншоот ҶДММ “Бунёдгари Суғдзамин” буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Ватан-3” ба анҷом расонида мешавад. Бинои мазкур аз 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боло хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад. Роҳбари гурӯҳи корӣ ба масъулин ва сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо доданд.

  • Ифтитоҳи мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ

Ҳамзамон роҳбари гурӯҳи корӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонии «Lion», ки аз ҷониби соҳибкор Раҳимбердиев Ҷаҳонгир воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, кӯчаи Самадов сохта ба истифода дода шудааст, ифтитоҳ намуданд.

  • Боздид аз заминҳои наздиҳавлигӣ

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як порча замин ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Сатторов Абдураҳмон, сокини ҷамоати деҳоти Деҳмой дидан намуда, аз самаранок истифодабарии қитъаи замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд. Зимни боздид ба роҳбари гурӯҳи корӣ иттилоъ дода шуд, ки шаҳрванд Сатторов Абдураҳмон дар қитъаи замини наздиҳавлигии худ дар масоҳати 0,03 га гармхона бунёд намуда, дар он кишти помидорро гузаронида, бо ин роҳ зиндагии худро пеш бурда истодааст. Роҳбари гурӯҳ ба масъулин таъкид намуданд, ки ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон бояд чунин самараноку оқилона истифода бурда шаванд ва 2-3 ҳосил ба даст биёранд.

  • Иштирок дар чорабинии наврӯзии ноҳияи Ҷаббор Расулов

22 март директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар чорабинии Наврӯзии ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок карда, бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия, ороиши дастархонҳоинаврӯзии сокинон ва фаъолияти ҳунармандону сӯзанидӯзон, устоҳои халқӣ шинос шуда, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба тамоми мардуми шарафманди ноҳиятабрик намуданд.

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло раиси Шурои иттифоқи касабаи вилояти Суғд, собиқадорони меҳнат, зиёиён, роҳбарони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, муассисаву корхонаҳо, кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия ва сокинони шарафманди ноҳия ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ, фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба кулли сокинони сарбаланди ноҳияаз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ пайдо намудани ҷашни фархундаи Наврӯз ёдовар шуданд.

Махсусан қайднамуданд, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.

Дар рафти чорабинӣ кормандони фаъоли ноҳия бо нишони сарисинагии соҳавӣ ва бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардида, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас тантанаҳои идонаи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо баргузории корвони шодиёнаи наврӯзӣ, ки дар он шумораи зиёди кормандони ташкилоту идораҳо бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва риояи расму ойинҳои ин ҷашни бостонӣ иштирок намуданд, хушу хотирмон идома ёфт. Корвони шодиёнаи наврӯзии сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маҷмуъ аз даҳ бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “рамзи наврӯзӣ”, “паёмоварони баҳор”, “омадани баҳор”, “маросими гулгардонӣ”, “суманакпазӣ”, “ҷуфтбаророн”, “Модар-рамзи абадият”, “сайри об” ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумгари рамзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад. Намоиши театрикунонидашудаи аҳли ҳунару санъати ноҳия, ки аслан зебогиҳои фасли баҳор ва расму ойинҳои писандидаи ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро инъикос мекард, басо ҷолибу диданӣ буд, ки тариқи воситаҳои ахбори омма намоиш дода шуд.




0 комментария к “САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон