Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ЯК РӮЗИ ДОНОРӢ ДАР МАҚОМОТИ ОМОР

ЯК РӮЗИ ДОНОРӢ ДАР МАҚОМОТИ ОМОР

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, таҳти №568 дар бораи “Барномаи миллӣ оиди таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”, “Рӯзи донорӣ” баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти омор фаъолона иштирок намуда, хун супориданд.

Имрӯз рушди тибби муосир, ҷарроҳиҳои вазнини пайвандсозии узвҳо ва системаи рагҳо, кумаки таъхирнопазири акушерӣ ва таҷрибаи педиатрияро бе истифодаи самараноки ҷузъҳои хуни донорӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Тибқи иттилои мутахасисон хунсупорӣ фоидаовар аст. Бемориҳои системаи рагҳои хунгард, бемориҳои ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Аз ҳама муҳим, ҳаёти касеро наҷот медиҳад.

Тарғибу ташвиқи самаранок ва фаъолияти ҳирфаии аҳли кормандон боис шудааст, ки имрӯз кормандон махсусан ҷавонон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ гашта, бо дарки масъулият хун супориданд.
Ба гуфтаи яке аз масъулини муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”: «Доноре, ки хун месупорад, қаблан аз муоинаи тиббӣ мегузарад, гурӯҳи хун муайян карда мешавад, ташхиси гемоглобин гузаронида мешавад. Баъди ташхис дақиқ мекунем, ки оё дар таркиби хуни донор бемориҳои сирояткунанда, аз қабили СПИД, ВИЧ, гепотити В, С, сифлис ва ба ин монанд бемориҳое, ки сироятӣ ва барои ҳаёти шахс хатарнок ҳастанд, ба қайд гирифта мешаванд ё не”.

Агар яке аз ин ташхисҳо ҷавоби қонеъкунанда надиҳад, пас аз доноршаванда хун гирифта намешавад. Баъзе нишондиҳандаҳои бартарафшаванда, аз ҷумла, вазни кам, бемории муваққатӣ, нишондоди ками гемоглобин дар таркиби хун ва ба ин монанд бемориҳое ҳастанд, ки пас аз муддате бартараф мешаванд ва шахс метавонад хун супорад.




0 комментария к “ЯК РӮЗИ ДОНОРӢ ДАР МАҚОМОТИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон