Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ОМОРИ СУҒД. ИҶРОИ 6,4 ҲАЗОР КОРИ ОМОРӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ

ОМОРИ СУҒД. ИҶРОИ 6,4 ҲАЗОР КОРИ ОМОРӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ

Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд нимсолаи якуми соли ҷориро тибқи “Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024” бо иҷрои 6,4 ҳазор кори оморӣ, ки сад фоизи барномаи мазкурро ташкил медиҳад, ҷамъбаст намудааст.

  • Дар ин бора аз маркази ахборотии Сарраёсат иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра тибқи барномаи корҳои оморӣ дар вилоят таҳқиқотҳои интихобии соҳавӣ дар самти боркашонӣ, мағозаҳо, каҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо, бозорҳои фурӯши чорво ва нақлиёт, таҳқиқоти яквақтаи интихобӣ дар бораи хароҷоти донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, донишкадаҳои миёнаи касбии вилоят барои хизмати соҳаи маориф ва инчунин баҳисобгирии саршумори чорво гузаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки эътимоднокии маълумоти оморӣ аз назорати доимӣ ва гузаронидани санҷишҳои пайдарпай таъмин мегардад.

Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ кормандони мақомоти омори маҳаллӣ дар вилоят дар ҷараёни қабули ҳисоботҳои аввалия ва гузаронидани санҷишу корҳои назоратӣ бинобар сабаби роҳ додан ба дермониву хатогиҳо дар асоси моддаи 515 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 159 субъекти хоҷагидор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 75,9 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ намуда, аз ин миқдор ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 56,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин 74,9 фоизро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар Феҳристи ягонаи давлатии мақомоти андози вилоят шумораи субъектҳои бақайдгирифташуда ба 125,4 ҳазор расидааст, ки ин 35 фоизи сатҳи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда 9,4 ҳазор, филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 47 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 116 ҳазорро ташкил дода, аз ин 67,6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад, ки ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 37,9 фоизро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти электроникунонии ҳисоботҳои оморӣ, ҳамзамон татбиқи Ҳукумати электронӣ, ки монеаҳои муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро сифатан ва миқдоран кам намуда, сатҳи пешрафт ва дараҷаи тараққиётро дар ҳар як давлат баланд мебардорад, бо мақсади пурра фаро гирифтани субъектҳои хоҷагидор ва мукаммал гардонидани механизми ҷамъоварии маълумот дар сатҳи минтақаҳо ба ҳолати 1 феврали соли 2024-ум 156 намуди шакли ҳисоботҳои соҳавӣ ба тариқи электронӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин 100 фоизи шаклҳои ҳисоботи омориро ташкил медиҳад. Электроникунии шаклҳои ҳисоботӣ аз як ҷиҳат кам намудани сарборӣ ба субъектҳои оморӣ бошад, аз дигар тараф, коҳиш додани таъсири омили инсонӣ ба шумор меравад, ки ин ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 маҷмуи маҳсулоти минтақавии (МММ) вилояти Суғд 16,2 миллиард сомониро ташкил дода, суръати рушди афзоиш 8,2 фоиз ва ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии ҷумҳурӣ 26,3 фоизро ташкил додааст.

  • САНОАТ

Дар нимсолаи якуми соли 2024 корхонаҳои саноатии вилоят дар ҳаҷми 12,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки суръати рушд 110,1 фоизро ташкил додааст. Ҳиссаи вилоят дар маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар 56,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсол дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 4 миллиард сомонӣ ё 19,0 дарсад, саноати коркард 7,7 миллиард сомонӣ ё 8,0 дарсад нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст, ки суръати афзоиш дар саноати коркард асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол гардидани орд – 16,7 фоиз ё 25054,8 тонна, равғани растанӣ -17,3 ё 415,6 тонна ва меваи хушк -1,5 баробар ё 1638,2 тонна ба амал омадааст. Ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ 42,8 фоизи истеҳсолот дар соҳаи коркардро ташкил дода, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз зиёд шудааст.

Таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 70,4 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар зиёд мебошад.

  • КИШОВАРЗӢ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилоят 5,3 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 13,1 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 2,9 миллиард сомонӣ ё 15,7 фоиз ва чорводорӣ 2,4 миллиард сомонӣ ё 10,1 фоиз зиёд шудааст.

Дар ин давра дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидории вилоят 109,6 ҳазор тонна (нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 11,0 фоиз зиёд) ғалладона, аз ин 74,6 ҳазор тонна гандум (7,6 фоиз зиёд), 95,1 ҳазор тонна сабзавот (7,6 фоиз зиёд), картошка 55,5 ҳазор тонна (28,2 фоиз зиёд), полизӣ 17,5 ҳазор тонна (0,6 фоиз зиёд), меваҷот 111,0 ҳазор тонна (22,1 фоиз зиёд), аз ҷумла себ 2,6 ҳазор тонна (2,9 баробар зиёд), зардолу 103,9 ҳазор тонна (18,7 фоиз зиёд) истеҳсол карда шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 32,3 ҳазор тоннаро ташкил намуда, нисбат ба 1 июли соли 2023-юм 11,3 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 149,7 ҳазор тонна ё 105,8 фоиз, тухм ба миқдори 339,6 млн. дона ё 95,7 фоиз, пашм ба миқдори 1,4 ҳазор тонна ё 103,1 фоиз, пилла ба миқдори 108,6 тонна ё 1,6 баробар нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил додааст.

Ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар нимсолаи якум 9,5 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,7 фоиз зиёд шуда, сайди моҳӣ 441,8 тоннаро ташкил додааст.

  • СОХТМОН

Дар шаш моҳи соли 2024 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 89,2 фоиз мебошад. Ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 13,0 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 845,1 миллион сомонӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд мебошад. Ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 17,7 фоизро ташкил медиҳад.

  • СОҲАИ САВДО

Ҳаҷми гардиши савдои чакана, яклухт, таъмиру хизматрасонии техникии автомобилҳо, мототсиклҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва лавозимоти автомобилӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2024-ум 9,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоиз ё 858,9 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 31,3 фоизро ташкил медиҳад.

  • ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ

Дар шаш моҳаи якум гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 миллиарду 475,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 фоиз ё 124,8 миллион доллар зиёд мебошад. Ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 33,4 фоизро ташкил додааст.

  • ХИЗМАТРАСОНӢ

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ дар ин давра 2 миллиарду 391,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат нимсолаи якуми соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3,5 фоиз зиёд шудааст.

  • НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳаҷми боркашонӣ дар вилояти Суғд ба 20,1 млн. тонна расонида шуда, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар вилоят 146,1 млн.нафар мусофир кашонида шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз зиёд шудааст, ки ин аз ҳисоби нақлиёти автомобилӣ мебошад.

Ҳаҷми мусофири кашонидашуда бо нақлиёти ҳавоӣ дар ин давра 1,7 баробар зиёд ё 30,1 ҳазор мусофирро ташкил додааст, ки аз ҳисоби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба амал омадааст.

Суръати гардиши мусофирон 2171,1 млн. мусофир км-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,2 фоиз зиёд шудааст.




0 комментария к “ОМОРИ СУҒД. ИҶРОИ 6,4 ҲАЗОР КОРИ ОМОРӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон