30.07.24
Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзҳои 23-27-уми июли соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи корӣ аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Директори Агентӣ Асо Нурулло Асват ҷиҳати иштирок дар Форуми навбатии байналмилалии сармоягузории “Помиринвест – 2024” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд.
Дар ҳошияи ин сафар ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват аз фаъолият ва шароити кории Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, шуъбаҳои омори ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим боздид намуда, ҳамзамон ҷиҳати шиносоии амиқ бо фаъолияти кории кормандони соҳа, вазъи қабул, коркард ва таҳлили ҳисоботҳои оморӣ ва дигар масъалаҳои мубрам дар Сарраёсати омори вилоят ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд.
Сипас аз ҷониби муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват ба таври муфассал оид ба вазъи баҳисобгирии оморӣ дар низоми омори шаҳру ноҳияҳои вилоят, фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботҳои оморӣ, таҳлили ваъзи нишондиҳанадаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор қарор гирифтанд.
Дар рафти таҳлилҳо аз ҷониби муовини якуми Директор тақвият додани корҳо дар самти пурра ва бо сифат ҷамъбаст намудани ҳисоботҳои оморӣ, фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботсупорӣ, қатъиян роҳ надодан ба изофанависӣ ба масъулини мақомоти омори вилоятсупоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар баробари ин вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои ироагардида дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, иҷрои муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи забони давлатӣ”, риояи ҳатмии интизоми меҳнати кормандон, низоми сару либос, ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 9 марти соли 2024 ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён гардиданд, сармашқи фаъолияти корӣ ва зиндагии худ қарор дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни оилаҳои худ мунтазам амалӣ намоянд.
Бояд қайд намуд, ки бақайдгирии нархҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти омор ба ҳисоб рафта, дар ин самт аз ҷониби муовини якуми Директори Агентӣ аз масъулин вобаста ба вазъ бақайдгирии нархҳо дар бозорҳои ашё ва омехта, пурсида шуд. Тибқи иттилои масъулин бақайдгирии нархҳо дар ҳудуди вилоят айни замон бе дарназардошти истифодаи планшет ҷараён дорад. Вобаста ба ҳалли ин масъала Асо Нурулло таъкид дошт, ки дар рӯзҳои наздик бо дастури роҳбарияти Агентӣ, шахсони масъул аз Дастгоҳи марказии Агентӣ ба Сарраёсат ташриф оварда, низоми бақайдгириро тавассути планшет роҳандозӣ менамоянд.
Дар охири кори ҷаласа аз ҷониби Асо Нурулло Асват вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омор ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар самти таъмини эътимоднокии ҳисоботҳои оморӣ, фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботсупорӣ, тақвияти корҳо дар самти бақайдгирии хоҷагиҳои деққонӣ, роҳ надодан ба таҳрифкорӣ изҳори назар карда шуд.
0 комментария к “ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ ВА ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ САРРАЁСАТИ ОМОРИ ВМКБ”