Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

АГЕНТИИ ОМОР ДОИР БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ КОРМАНДОН ҶАМЪОМАД ДОИР НАМУД

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини директори Агентӣ Назарзода Зарина ва аҳли кормандон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҷамъомад доир шуд.

Ҷамъомадро Назарзода Зарина бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин ҳамоишу ҷамъомадҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва аҳли ҷомеа мусоидат намуда, махсусан дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди қабули қонуни асосии мамлакат– Конститутсия баргузор гардидани ҷамъомади мазкур муҳим арзёбӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки рушди бомароми сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст.

“Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 ҷанбаъҳои гуногуни мусбат дошта, он асосан барпо намудани муҳиту фазои ором ва осоиштаи ҳаёти ҷомеа, қабл аз ҳама, эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонунро тақозо менамояд”,-афзуд Назарзода.

Дар идома мудири бахши ҳуқуқи Агентӣ Нозиршо Қадамшоев баромад намуда, изҳор дошт, ки вазифаи хизматии ҳар яки мост, ки бо риояи дақиқи қонунгузориҳо дар соҳаи мақомоти давлатӣ фаъолият намуда, бо интизоми намунавии хизматӣ ва эҳсоси волои ватандӯстонӣ бо донишу маҳорати баланди касбии хеш дар пешрафти ҳам соҳа ва ҳам кишвари маҳбуб саҳм гузорем.

Гуфта шуд, ки барои устувории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва давлат таҳкими ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамчунин эҷоди фазои қонунмеҳвар ва рушди маърифати ҳуқуқӣ зарур аст. Маҳаки асосии маърифати ҳуқуқии ҳар миллат ва давлати соҳибистиқлолро, бешубҳа, конститутсия ташаккул медиҳад, ки он ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.

“Донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вале дар сурати риоя нагардидани қонунгузорӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқи мегардад. Зеро мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”- таъкид намуд Қадамшоев.

Дар ҷамъомад аз ҷониби чанде аз кормандон вобаста Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 ибрози андеша карда шуд.




0 комментария к “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон