Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолият – шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист ва боиси ифтихори мост, ки Ватани азизи мо 33 сол боз низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Бе ҳеҷ шубҳа, метавон гуфт, ки истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷикон ба шумор меравад.

  • Ба ҳамин хотир, дирӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни бузурги миллию давлатӣ – 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ин тантанаи бошукӯҳи идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд.

Дар ҷамъомади мазкур, роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ, кормандони мақомоти маҳаллии омор дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Тоҷикобод иштирок доштанд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суханронии табрикии худ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, аҳли толорро бо солгарди 33-юми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфт.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода соли 2024-ро барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ соли таърихӣ баён намуд. Зеро дар ин сол мо дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони азизро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

Ҳамзамон Директори Агентӣ муҳимтарин комёбиву дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд, ки подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд.

Инчунин зикр шуд, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо бо шарофати истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст.

Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки давоми ин 33 сол дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар рушди устувор таъмин гардида, заминаҳои мусоид барои пешрафти рӯзафзун гузошта шудаанд.

Дар ин баробар, дар қатори дигар самтҳо соҳаи омори миллӣ ҳам ҳамасола ба дасотвардҳои назаррас ноил мегардад.

Дар идомаи ҷамъомад Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз номи роҳбарият ва ҳайати кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Даврон, Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бо медали “Хизмати шоиста” ва Ҳабибуллозода Сафарбек, сардори шуъбаи молия ва ҳисоботи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардиданд, сидқан табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи касбиашон муваффақияту пешравиҳои назаррасро таманно намуд.

Сипас, муовини якуми Директори Агентӣ Нурулло Асват зимни суханронии хеш оид ба дастовардҳои тамоми соҳаҳо, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт ва ислоҳоти соҳаҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум андешаронӣ намуд ва ноил шудан ба ҳамаи ин дастовардҳоро ба заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хоҳишу талошҳои мардуми тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар мансуб донист.

Дар ҷамъомад Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои саҳми босазо гузоштан дар рушду пешрафти соҳаи оморӣ давлатӣ, ободкорию созандагӣ ва дастгирии хамаҷонибаи кормандон аз ҷониби муовини якуми Директор бо ифтихорномаи иттифоқи касабаи Агентӣ сарфароз гардонида шуд.

Ҳамзамон дар ҷамъомади мазкур як қатор кормандани мақомоти омори ҷумҳурӣ барои фаъолияти пурсамари меҳнатияшон дар рушди омори давлатӣ ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихономаву сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷом Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳозирин ва тамоми кормандони соҳаи оморро бори дигар бо ҷашни Истиқлоли Ватан табрику таҳният гуфта, барои фаъолияти пурсамар ва содиқона ба Ватани азизамон хизмат намудан роҳнамоӣ намуд.




0 комментария к “ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон