Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи омории “Кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ба нашр расид

Маҷмӯаи омории “Кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ба нашр расид

Дар ҳамин маҷмўа нишондиҳандаҳои асосии тараққиёти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991, 2018 ва 2023 ба табъ мерасанд. Дар маҷмўа асосан ба нишондиҳандаҳои тараққиёти соҳаи кишоварзӣ ва ташаккули намудҳои гуногуни моликият диққат дода шудааст: бахши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ, ки дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда дар ҷумҳурӣ ба тағйироти таносуби ҳар кадоми ин бахшҳо таъсир расонидаанд.

Дар маҷмўа ғайр аз маълумотҳои оморӣ, ҳамчунин маълумотҳои тавозуни замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андозаи киштзорҳои кишоварзӣ аз рўи категорияҳои заминистифодабарандагон, намудҳои киштзорҳои кишоварзӣ (мазраъ, дарахтони бисёрсола, алафзорҳо, чарогоҳҳо, боир) истифода бурда шудааст. Ғайр аз он, дар маҷмўа шарҳи мухтасари методологӣ оид ба ҳар як истилоҳҳои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ–оморӣ ва усулҳои ҳисоби онҳо оварда шудааст.

Маҷмўаро раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардааст.

Маҷмӯаи омрӣ дар шакли PDF




0 комментария к “Маҷмӯаи омории “Кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ба нашр расид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон