Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ ВАСЕИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ ОМОР ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД ИШТИРОК ДОРАНД

ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ ВАСЕИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ ОМОР ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД ИШТИРОК ДОРАНД

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор ва модернизатсияи низоми омори миллӣ дар заминаи трансформатсияи рақамӣ, ки аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ якҷо бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2-4 октябри соли 2024 дар шаҳри Тошкант ташкил шудааст, иштирок дорад.

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур гирд овардани намояндагони мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки дар раванди таҳияи маълумоти оморӣ масъул мебошанд, тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумотҳои омори расмӣ бо истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, такомули мунтазам ва ҳамоҳангсозии низоми омори миллӣ ба низоми омори байналмилалӣ ва принсипҳои асосии (фундаменталии) омори расмӣ, баррасиии истифодаи зеҳни сунъӣ дар заминаи трансформатсияи рақамӣ дар баҳисобгирии оморӣ ва истифода бурдани манбаъҳои алтернативии маълумот ба ҳисоб меравад.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур тибқи рўзнома дар баробари дигар мамлакатҳо аз ҷониби намояндаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми баҳисобгии оморӣ, модернизатсияи низоми баҳисобгирии оморӣ тариқи рӯнамо маърӯза пешниҳод гардид.

Дар форуми мазкур зиёда аз 150 нафар , аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Директори шуъбаи омори Созмони Милали Муттаҳид, инчунин роҳбарони аввали мақомоти омори ИДМ ва мутахассисону коршиносони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доранд.




0 комментария к “ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ ВАСЕИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ ОМОР ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД ИШТИРОК ДОРАНД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон