Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамкорони гиромӣ!

Ҳамасола дар кишвари азизи мо рӯзи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Тоҷикон дар тули таърихи беш аз шашҳазорсолаи хеш ҳамеша ба забони модарӣ ҳамчун ба як неъмати бебаҳо, ойинаи пурҷилои таърих ва унсури муқаддаси миллӣ муносибату арҷгузорӣ мекарданд, аммо маҳз баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ шароити муосид фароҳам омад, ки забони модарӣ ва давлатии мо рушду камоли бештар ёбад ва ҷаҳониёнро бо ғановату салосати худ мафтун намояд.

Ҳамаи мову шумо хуб медонем, ки имрӯзҳо маҳз бо шарофати сиёсати созандаву миллатпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабулу мавриди амал қарор гирифтаанд ва мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки забони модарии мо забони илму адабиёт, фарҳангу ҳунар, сиёсату қонунгузорӣ, коргузориву муошират аст ва пайваста рушду такомул меёбад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони ин забони шоирона талош варзанд.

Мақомоти омори давлатӣ низ тамоми коргузории хешро ба забони давлатӣ роҳандозӣ карда, ҳамеша аз ҷониби комиссияи байниидоравӣ назорат бурда мешавад, ки талаботҳои қонуни мазкур аз ҷониби ҳамаи кормандони соҳа риоя гардад.

Бовар дорам, ки дар оянда низ ҳар як шаҳрванди сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла, кормандони соҳаи омор барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намуда, асолату покизагии онро ҳифз менамоянд.

Зеро қарзи фарзандии ҳар кадоми мост, ки забони модариямонро баробари модари худ азиз шуморему дӯст дорем.

Рӯзи забони давлатӣ муборак!




0 комментария к “ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон