20.10.24
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Сарраёсати Агентии омор дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои протоколии ҷаласаи васеи мушовара вобаста ба таъмини фарогирии субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботҳои оморӣ, аз ҷумла барҳам додани фарқияти субъектҳои амалкунанда тибқи маълумотҳои низоми «Равзанаи ягона»-и мақомоти андози шаҳри Душанбе корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.
Сафарализода Даврон дар оғоз таъкид намуд, ки Сарраёсат фаъолияти кории худро тибқи Барномаи корҳои оморӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омор ба роҳ монда, семоҳаи сеюми соли ҷориро бо иҷрои 444 кори оморӣ ҷамъбаст намуд, ки сад фоизи нақша мебошад.
Мувофиқи феҳристи «Равзанаи ягона»-и мақомоти андоз дар шаҳри Душанбе ба ҳолати 1-уми октябри соли 2024 шумораи субъектҳои фаъолияткунанда (ба қайдгирифташуда) ба – 48675 адад расидааст, ки аз он шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда – 9082 адад, филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ – 319 адад ва соҳибкорони инфиродӣ – 39274 ададро дар бар гирифта, нисбат ба ҳолати 01.01.2023 шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда – 398 адад, шумораи шуъба ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ – 2 адад ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ 2171 адад зиёд шудааст, ки дар маҷмуъ ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 13,5 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръат мебошад. Дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 3 миллиарду 649,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122,1 фоизро бо нархҳои муқоисавӣ ташкил медиҳад.
Сафарализода Даврон таъкид кард, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди кишвар, Сарраёсат дар таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегияи миллӣ, аз ҷумла раванди саноаткунонии босуръат пайваста кӯшиш менамояд.
0 комментария к “САФАРАЛИЗОДА ДАВРОН: ШУМОРАИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТКУНАНДА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА 48675 АДАД РАСИДААСТ”