Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲИССАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР МАҶМУИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИИ КИШВАР 56,1 ФОИЗРО ТАШКИЛ ДОДААСТ

ҲИССАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР МАҶМУИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИИ КИШВАР 56,1 ФОИЗРО ТАШКИЛ ДОДААСТ

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20 миллиарду 360,7 миллион сомонӣ расонда шуда, суръати рушд дар сатҳи 113,5 фоиз таъмин гардид.

Бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат ба ин масъала дар вилояти Суғд таваҷҷуҳ зиёд гардид. Дар ин росто, теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар вилоят 1198 ададро ташкил дод, ки аз ин 1160 корхонаи истеҳсолӣ ва 38 коргоҳи хизматрасонии саноатӣ мебошад.

Ҳиссаи вилоят дар маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар 56,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсол дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 6,9 миллиард сомонӣ ё 35,8 дарсад, саноати коркард 11,9 миллиард сомонӣ ё 8,0 дарсад нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст, ки суръати афзоиш дар саноати коркард асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол гардидани орд – 30,0 фоиз ё 284,6 ҳазор тонна, равғани растанӣ -16,5 ё 3,5 ҳазор тонна, гӯш ва маҳсулоти гӯшти бо дарназардошти гӯшти мурғ – 1,7 баробар ё 23,6 ҳазор тонна, маҳсулоти қаннодӣ – 48,9 фоиз ё 3,2 ҳазор тонна ва дигар маҳсулотҳо ба амал омадааст. Ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ 43,6 фоизи истеҳсолот дар соҳаи коркардро ташкил додааст.

Истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ 36,8 фоиз зиёд шуда, асосан аз ҳисоби истеҳсоли хишти бинокорӣ 6,6 фоиз, бетони сохтмонӣ 30,1 фоиз ва қубурҳои пластикӣ 16,8 фоиз ба амал омадааст.

Таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 118,7 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 баробар зиёд мебошад.




0 комментария к “ҲИССАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР МАҶМУИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИИ КИШВАР 56,1 ФОИЗРО ТАШКИЛ ДОДААСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон